Куштор ва қабрҳои дастаҷамъии “Толибон”* дар Панҷшер: эътирофи сафир

© Александр ХроленкоБоевая техника из прошлого в Панджшерском ущелье Афганистана
Боевая техника из прошлого в Панджшерском ущелье Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2021
Нерӯҳои “Толибон”* дар дараи Панҷшер ҳудуди 400 ғайринизомиро бидуни маҳкама ба шаҳодат расондаанд
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, аз қария (русто)-е, ки ӯ ҳаст, ҷавононро бидуни маҳкамаву пуриш ба тир баста карда, дар гӯрҳои дастаҷамъӣ дафн кардаанд.

“Танҳо аз ҳамин қарияе, ки ман зиндагӣ мекунам, дар як гудол (чуқурӣ) 13 ҷавонеро, ки ноновари хонаводаи худ буданд, пайдо карданд. На силоҳ доштанд, на вориди ҷанг, балки дар мазрааи худ машғули киштукори тирамоҳӣ буданд. Инҳоро ба қатл расонданд. “Толибон”* ҳар рӯз эълон мекунад, ки авфи умумисту мо ба касе кор надорем”, - гуфт Муҳаммад Зоҳири Ағбар.

Гузоришҳо дар бораи қатлҳо ва қабристонҳои дастаҷамъӣ дар Панҷшер аз қабл низ дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор доштанд.
Аз ҷумла ҷанозаҳои Фаҳими Даштӣ ва генерал Вадудхони Зарра, ки рӯзи 5 сентябр дар рустои Даштаки Панҷшер ба шаҳодат расиданд, пас аз ду рӯз аз як ҷарии қаламрави ин деҳа дар қатори чаҳор ҷасади дигар пайдо шуданд.
Ҳамзамон аз куштори дастаҷамъии ҳудуди 50 сокини мулкии рустоҳои Обдара, Поранда, Шоба, Париён ва ғайра низ гузориш расида буд, ки дар чуқуриҳо дастаҷамъона партофта шуда буданд. Аз ин ҳама қатлу кушторҳо танҳо ҷинояте, ки навори видеоияш ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, маҳкамаи саҳроии як ҷавони низомипӯш буд.
Дорога в провинции Панджшер (Афганистан) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Раиси истихбороти “Толибон”* дар Панҷшер қатли бегуноҳонро тасдиқ кард: "Рӯсиёҳем"
Яке аз хешовандони ин ҷавон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ӯ Гулмир ном дошта, аз рустои Киромони вулусволии Дара буд.
“Гулмир аз сарбозони урдуи ҳукуматӣ буд. Вақте ҷанг дар Панҷшер тамом ва “Толибон”* вориди дара шуданд, ӯ ба авфи умумии онҳо бовар карда, хост Кобул равад. Дар як такси нишаста, равон буд, ки дар посгоҳи “Толибон”* дар Оноба аз мошин пойин шуда, ба шаҳодат расид. Ҷанозаи ӯро пас аз ҳашт рӯз дар қарибиҳои ҳамон посгоҳ аз як ҷарӣ пайдо кардем, ки боз чанд ҷасади дигар ҳам буд”, - гуфт ӯ.
Муҳаммад Зоҳир Ағбар гуфт, зоҳиран қабри дастаҷамъӣ дар рустои Бахшихели вулусволии Рухаи Панҷшер аст, ки як ҳафтаи қабл кашф шуда буд. Ин танҳо гӯри дастаҷамъист, ки то алҳол расман таъйин ва санад шудааст.
Панджшерское ущелье в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Раҳмон дар СММ аз фоҷиаи инсонӣ дар Панҷшер ва хомӯшии созмонҳои байналмилалӣ гуфт
Дар бораи бақияи қабрҳои дастаҷамъӣ дар саросари Панҷшер ҳоло ягон марҷаъи расмӣ сухан накардааст ва ин ҳам қабл аз ҳама ба хотири он аст, ки ин вилоят то ба ҳол таҳти назорати шадиди “Толибон”* қарор дорад ва нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ низ дар дараҳои фаръӣ паноҳ бурдаанд.
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар як маросиме суҳбат мекард, ки ба хотири маҳкум кардани ҷиноёти “Толибон”*, аз ҷумла қатлҳои ом, қабристонҳои дастаҷамъӣ ва ҳам ҳамлаҳои террористӣ бар намозгузорон дар вилоёти Кундузу Кандаҳор ихтисос ёфта, ширкаткунандагон онҳоро накӯҳиш намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳони баррасии ҷиддии ин ҷиноёти ҷангӣ ва нақзи ошкори ҳуқуқи башар шуд.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала