Сомонӣ тақвият меёбад: коҳиши арзиши доллару евро ва болоравии рубл дар Тоҷикистон

© SputnikДоллары США и таджикские сомони, архивное фото
Доллары США и таджикские сомони, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2021
Қурби асъори хориҷӣ дар бозори арзи Тоҷикистон нисбат ба пули миллӣ коҳиш меёбад
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки тибқи он, пули миллӣ дар ҳоли тақвиятёбист.
Тибқи иттилои ин ниҳоди молӣ, арзиши долар ва евро дар оғози ҳафта боз поин рафтааст.
Ҳамин тариқ ҳоло дар бозори арзи Тоҷикистон 1 доллар 11.2940 сомонӣ арзиш дорад. Охири ҳафтаи гузашта дар бозори арз қурби 1 доллар дар марзи 11.2950 сомонӣ қарор дошт.
Ҳамзамон қурби асъори аврупоӣ низ нисбат ба сомонӣ дар қиболи болоравиҳои аввали сол ба таври рекордӣ коҳиш ёфта, ҳоло дар бозори арзи кишвар як евро 13.0762 сомонӣ арзиш дорад.
Тибқи иттилои ин ниҳоди молӣ, арзиши 1 рубли русӣ 0.1567 сомонӣ мебошад, ки ин нисбат ба ҳафтаи гузашта бештар аст. Охири ҳафтаи гузашта дар бозори арзи Тоҷикистон 1 рубли русӣ 0,1566 сомонӣ арзиш дошт.
Доллары  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2021
Иқтисоддон: Моҳи октябр доллар бо "сюрприз"-ҳои ногувор дучор хоҳад шуд
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.2940 то 11.3200 сомонӣ;
1 евро аз 13.0762 то 13.2300 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1567 то 0.1585 сомонӣ.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки анҷоми амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала