СММ: Афғонистониҳо набояд ба хотири "Толибон"* муҷозот шаванд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузаштан ба хазинаи аксГенеральный секретарь Организации Объединенных Наций Антониу Гутерриш
Генеральный секретарь Организации Объединенных Наций Антониу Гутерриш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Антониу Гутерриш гуфт, ба далели ба расмият нашинохтан ва таҳримҳо алайҳи раҳбарони "Толибон"* дороиҳои Афғонистон масдуд шудааст
ДУШАНБЕ, 12 окт – Sputnik. Дабири кулли СММ зимни суханронии ахираш гуфт, мардуми Афғонистон набояд масъули амалкарду иштибоҳоти "Толибон"* бошанд.
"Афғонистониҳо набояд барои корҳои нодурусти "Толибон"* ба таври дастаҷамъӣ ҷазо гиранд, мардум набояд дар ҳеҷ сурате аз гуруснагӣ бимирад", - гуфтааст дабири кулли СММ.
Ба гуфтаи ӯ, масъалаи кӯмаки башардӯстона бидуни ғаразҳои сиёсӣ анҷом гиранд, зеро масоили мухталифи ҳалталаб дар Афғонистон зиёданд.
Вай таъкид кард, ки бо ин вазъ таҳримҳо ва дороиҳо бинобар эътироф нашудани ҳукумат ва мансабдорони нави Афғонистон вазъ ва масдуд шудаанд.

"Бисёр бахшҳое ҳастанд, ки ҷомеаи байналмилалӣ метавонад бо "Толибон"* суҳбат кунад. "Толибон"* вазифадор аст, як қатор масоил, аз ҷумла ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи занону духтарон, мубориза бо терроризм ва ҳукумати фарогирро риоят ва иҷро кунад", - афзуд ӯ.

Дабири кул таъкид кард, ки "Толибон"* бояд ваъдаҳои худро дар бораи нақши занону духтарон дар ҷомеаи Афғонистон иҷро кунад.
Қаблан СММ гуфта буд, ки иқтисоди Афғонистон дар ҳоли варшикастагӣ қарор дорад ва дар сурати кумак нашудани ин кишвар онро буҳрони шадид интизор аст.
Дар Афғонистон ин рӯзҳо фақру гуруснагӣ доман задааст ва ба гуфтаи сокинони ин кишвар, аз ба сари қудрат омадани "Толибон"* дар ҳудуди якуним моҳи пеш то кунун маош нагирифтаанд.
Афганские дети держат тарелки в ожидании еды в городе Джелалабад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Ба миллионҳо кӯдаки афғонистонӣ гуруснагӣ таҳдид мекунад
Тибқи таҳлилҳо, интизор меравад, то охири соли равон шумораи кӯдакони гирифтори норасоии ғизо ба 3,2 миллион нафар расад, хабар медиҳад СММ.
Ба гузориши созмони мазкур, дар сурати дарёфт накардани кумаки саривақтӣ шумораи зиёди кӯдаконро марг интизор аст.
Гуфта мешавад, феълан 14 миллион нафар дар Афғонистон дастрасӣ ба оби ошомиданӣ, ғизо ва хадамоти оддии тиббиро надоранд. Ин ҳолат пас аз ба сари қудрат омадани "Толибон"* дар моҳи август боз печидатар шуд.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала