Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

"Толибон"* дар ҳукумати нав "чеҳраҳои номақбул" ёфтанд

© Sputnik / Стрингер / Гузаштан ба хазинаи аксЗабиулла Муджахид, Представитель движения "Талибан"
Забиулла Муджахид, Представитель движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Масъулини тозаинтихоби Ҳукумати Афғонистонро барканор шуданд
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Аъзои ҳаракати радикалии "Толибон"* дар ҳукумати наве, ки худ ташкил кардааст, "чеҳраҳои номақбул" ёфтанд. Дар ин бора намояндаи расмии ин гурӯҳ Забеуллоҳ Муҷоҳид дар саҳифааш дар "Twitter" хабар додааст.
Дар зимни ҷаласае, ки барпо шуд, масъулин вазифаҳои худро аз даст доданд.

"Қарор шуд, ки одамони ғайримақбул аз вазифаашон дар Аморати Исломӣ барканор шаванд", - қайд кард Муҷоҳид.

Дар баробари ин намояндаи радикалҳо дақиқ нагуфт, ки киҳо аз вазифа сабукдӯш шудаанд. Ҳамчунин дар бораи онҳое ҳам, ки ин вазоифро ишғол хоҳанд кард, маълумоте дода нашудааст.
Боевая техника из прошлого в Панджшерском ущелье Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2021
Куштор ва қабрҳои дастаҷамъии “Толибон”* дар Панҷшер: эътирофи сафир
Ёдрас мешавем, ки ҳукумати нави Афғонистон аз ҷониби ҳаракати тундгарои "Толибон"*, ки кишварро ба зӯрӣ ғасб кард, 7 сентябр эълон шуд.
Бар хилофи интизории ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳукумати нав фарогир нашуд: аксари мақомоти ин ҳукумат паштунанд. Ҳамчунин радикалҳо занонро ба ҳукумат роҳ надоданд.
Купюры американских долларов и монета с гербом Российской Федерации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2021
Умеди "Толибон"* аз Русия барои сармоягузорӣ ба иқтисоди Афғонистон
Ба ин далел то ҳол ягон кишвари дунё ҳукумати "Толибон"*-ро эътироф накардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала