Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Сабаби нави марг аз коронавирус маълум шуд

© PixabayИллюстрация Коронавируса
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Коршиносон барои муайян кардани сабабҳои марговари коронавирус таҳқиқотро идома медиҳанд
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Фарбеҳӣ хатари марг аз коронавирус ва ҷараёни шадиди онро зиёд мекунад. Дар ин бора олимони швед изҳори назар кардаанд. Натиҷаҳои тадқиқоти онҳо дар маҷаллаи "Plos one" нашр шудааст.
Дар рафти кор мутахассисон маълумот дар бораи 1,649 бемор дар шуъбаҳои эҳё дар саросари Шветсияро таҳлил кардаанд.
Вазни аксарияти онҳо чанд баробар аз меъёр зиёдтар будааст.
Художественная иллюстрация вируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Аз дил то гурда: олимон гуфтанд, COVID -19 ба кадом узви бадан таъсири манфӣ дорад
Олимон муайян кардаанд, бемороне, ки вазни зиёдатӣ доштаанд ва синну солашон аз 35 боло бдудааст, ду баробар бештар дар шуъбаи эҳё бистарӣ ва қурбонии коронавирус мешудаанд.
Муҳаққиқон гуфтанд, ки фарбеҳӣ хавфи бузург барои саломатии инсон дорад ва бемории COVID-19-ро ташдид мекунад.

"Ҳолати одамони фарбеҳ ҳангоми гирифторӣ бо коронавирус бояд ба таври ҷиддӣ назорат карда шавад", - гуфтанд олимон.

Бояд гуфт, коршиносон дар саросари ҷаҳон сабабҳои марг аз коронавирусро таҳқиқ мекунанд.
Ҳамин тариқ олимон муайян кардаанд, ки саратон, одатҳои бад, навъи хун ва ҳатто суръати роҳгардӣ ба бемории коронавирус таъсир мерасонад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала