Истиқболи "Толибон"* аз азми сафари гурӯҳии вазирони хориҷии кишварҳои минтақа ба Кобул

© Sputnik / Стрингер / Гузаштан ба хазинаи аксЗабиулла Муджахид, Представитель движения "Талибан"
Забиулла Муджахид, Представитель движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Созмони "Толибон"* аз нияти сафари гурӯҳии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои минтақа ба Кобул истиқбол кардааст
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, ноиби вазири фарҳангу иттилооти ҳукумати "Толибон"* азми сафари гурӯҳи вазирони умури хориҷии кишварҳои минтақаро ба Афғонистон нияти нек хондааст.
Тавре "TOLOnews" аз қавли Муҷоҳид навиштааст, ин иқдом метавонад барои ҳалли бархе нофаҳмиҳо бо кишварҳои алҳидаи минтақа кумак намояд. Аз танишҳо ва давлатҳои мушаххас зикр нагардидааст.
Интизор меравад, ки дар ин мулоқот инчунин масъалаи ҳамоиши сарони кишварҳои исломӣ дар шаҳри Кобул баррасӣ гардад.
Глава парламента Республики Таджикистан Махмадтуар Зокирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2021
Таҳияи 30 лоиҳаи созишномаи Тоҷикистону Туркия: аз ҳамкории ҳарбӣ то лағви раводид
Ин дар ҳолест, Мавлуд Чавошоғлу, вазири умури хориҷии Туркия ахиран изҳор дошт, ки ҳамроҳ бо бархе аз ҳамтоёнаш аз кишварҳои минтақа ният доранд, аз Кобул боздид намоянд.
Ба иттилои хабаргузории "Anadolu", Чавошоғлу ин нуктаро дар зимни нишасти матбуотии муштарак бо вазири умури хориҷии Индонезия Ретно Марсуди дар Анкара баён доштааст.
Ӯ афзуд, ки ин сафар рӯзҳои наздик тарҳрезӣ хоҳад шуд.
То ҳол дар шаҳри Кобул бо "Толибон"* танҳо вазирони умури хориҷии Ӯзбекистон ва Қатар мулоқот кардаанд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала