Рақси даврони кӯдакии Шабнами Сурайё ва табрикоти Шарифамоҳ: навори нодир

© FacebookШабнам Сурайё
Шабнам Сурайё - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Духтари Шабнами Сурайё Шарифамоҳ модарашро дар рӯзи зодрӯзш бо иҷрои суруде муборакбод гуфтааст
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Духтари Шабнами Сурайё дар саҳифааш дар "Instagram" дар рӯзи зодрӯзи модараш навори нодиреро аз даврони кӯдакиаш нашр кардааст.
Дар наворе, ки духтари ситораи санъати тоҷик нашр кардааст, дида мешавад, ки Шабнам дар замони кӯдакӣ (тақрибан 13-солагӣ) дар чорабиние рақс мекунад. Ин навор соли 1994 сабт шудааст, вале маълум нест, ки Шабнам дар чӣ чорабиние иштирок мекунад.
Шабнам дар тан пироҳани зард дорад ва дар сараш тоқии ҳамранг гузоштааст.
Мӯйҳои ӯ бофта шудаанд.
Дар пасманзари ин навор садои зебое дар васфи модар суруде замзама мекунад. Эҳтимолан ин садои духтари Шабнами Сурайё Шарифамоҳ аст, ки ба хотири зодрӯзи модараш суруди "Мама - ты мой рай"-ро сароидааст.
Дар шаҳри ин навор Шарифамоҳ модарашро бо 40-солагиаш муборакбод гуфта, ӯро зани қавииродаву меҳрубон, хоксор ва дӯсти ҷонӣ хондааст.

"Модар ягона шахсе аст, ки моро танҳо барои буданамон дӯст медорад. Ва модари ман беҳтарини ҷаҳон аст. Ӯ дӯсти беҳтарин ва вафодори ман аст", - навиштааст Шарифамоҳ.

Шабнам низ ин наворро дар саҳифааш ҷо додааст ва духтарашро "дунёи ширини модар, номуси модар ва баракати зиндагии худ" хондааст.
Рӯзи 14-уми октябр ситораи санъати тоҷик Шабнами Сурайё 40-сола шуд.
Ҳунармандм мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
Сурайё Қосимова аз хушбахтии худ, хоксории Шабнаму Фарзона ва иштибоҳи мақомот гуфт
Шабнами Сурайё 14 октябри соли 1981 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, аз номдортарин санъаткорони Тоҷикистон ба шумор меравад, ки миёни мардуми форсизабони дунё машҳур аст.
Ӯ аслан бо бозхонии сурудҳои модараш, приммадонаи санъати тоҷик Сурайё Қосимова роҳи санъатро пеша карду бо бозхонии сурудҳои дигар сарояндагон машҳур шуд.
Зодрӯзи рамазонии Сурайё: аз рақс бо шавҳар, то дуо ба бадгӯёну ваъдаи Шабнам – видео
Аксари мунаққидон Шабнамро барои такрорсароияш интиқод мекунанд, вале ҳастанд онҳое ҳам, ки мегӯянд, Шабнам аксари сурудҳо бисёр хуб бозхонӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала