100 тонна кумаки башардӯстона дар Тирмиз барои мардуми Афғонистон ҷамъ оварда шуд

© Sputnik / Амир ИсаевГумпомощь из Узбекистана
Гумпомощь из Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2021
Аз рӯзи ҷумъа вуруди кумакҳои башардӯстона барои мардуми Афғонистон ба шаҳри Тирмиз оғоз гардида буд
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Феълан 96 тонна кумаки башардӯстона барои мардуми Афғонистон ба маркази ҳамлу нақли "Cargo Center Cargo Center" интиқол дода шуд. Кумаки мазкурро Комиссари олии паноҳандаҳои СММ фиристодааст
Дар ҳамин ҳол мудири терминали шаҳри Тирмиз Нодирбек Ҷалилов ба РИА "Новости" гуфтааст, рӯйхати кумакҳое, ки барои фиристодан ба Афғонистон омода карда мешаванд, аз рӯйпӯшҳо, хаймаҳо ва ашёҳои пластикӣ барои ошхона иборат аст.
Бояд зикр намуд, ки ҳавопаймо бо ин миқдор кумакҳои башардӯстона ҳанӯз аз рӯзи ҷумъа вориди Тирмиз шуда буд ва ҳоло савумин ҳавопаймо низ дар фурудгоҳи Тирмиз нишаст.
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2021
Намояндаи махсуси Тоқаев вориди Кобул шуд
Зикр гардид, ки рӯзҳои наздик кумаки воридшуда тавассути мошинҳои боркаш аз тариқи сарҳади Тирмиз - Ҳайратон ба шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон фиристода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш намояндаи махсуси президенти Қазоқистон низ бо як ҳайати ҳукуматӣ вориди шаҳри Кобул шуд. Намояндаи вижаи Тоқаев масъалаи интиқоли кумакҳои башардӯстона ба Афғонистонро бо намояндагони он кишвар баррасӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала