Ҷаҳиши рекордии қурби рубл дар Тоҷикистон

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкНовые купюры номиналом 200 и 2000 рублей
Новые купюры номиналом 200 и 2000 рублей - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Обуна шудан
Қурби пули русӣ дар Тоҷикистон ба сомонӣ ва дар умум нисбат ба тамоми асъори хориҷӣ дар ҳоли тақвиятёбист
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро дар кишвар эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон боз боло рафта, ҳоло 1 рубл бо 1582 баробар аст.
Аз аввали моҳи октябр арзиши ҳазор рубл дар Тоҷикистон беш аз 4 сомонӣ боло рафт ва бештарин ҳадди афзоиши қурби рубл имсол дар Тоҷикистонро нишон дод.
Тамоюли болоравии рубл дар тӯли ду ҳафта мушоҳида шуд, зеро дар аввали ҳамин моҳ ҳазор рубл 154 сомонӣ арзиш дошт.
Доллар бошад, нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳафтаи гузашта боз коҳиш ёфта, ҳоло дар кишвар барои як доллар 11.2895 сомонӣ медиҳанд. Ин асъор устувории қаблиашро аз даст медиҳад.
Асъори аврупоӣ низ давоми як моҳи ахир дар ҳоли ноустувор қарор дорад ва ҳоло дар Тоҷикистон пас аз гароншавии якбора коҳиш ёфта, ҳоло барои 1 евро 13.0958 сомонӣ муқаррар шудааст
Доллар на земле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Путин дар бораи сарнавишти доллар гуфт: "ИМА шохаеро, ки дар он нишастааст, мебурад"
Дар ҳамин ҳол қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷӣ бо пули нақд дар ташкилотҳои қарзӣ ва дигар бонкҳои Тоҷикистон болотар аст.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла бонки "Эсхата" 1 рубл имрӯз 0,1585 -1600 сомонӣ харидуфурӯш шудааст.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1570 то 0.1590 ва дар "Алифбонк" 1 рубл аз 0,1560 то 0,1590 сомонӣ нишон дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0