Тирпаронии хонандаи синфи 6 дар Перм

Стрельба у школы в Казани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Дар вилояти Перм хонандаи 12 - сола бо яроқи шикории "Сайга" ба мактаб омад ва тирпаронӣ кард
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Хонандаи синфи 6 дар яке аз макотиби вилояти Перм тирпаронӣ кард, хабар медиҳад Раёсати умури дохилӣ дар ин вилоят.
Ин ниҳод хабар додааст, ки ҳодисаи мазкур субҳи 18-уми октябр дар деҳаи Сарси ноҳияи Октябр иттифоқ афтодааст.
Гуфта мешавад, хонандаи 12-сола бо яроқи шикории "Сайга" ба мактаб омадааст. Ӯ ду маротиб аз ин яроқ тир холӣ намудааст ва хушбахтона, ҳеҷ кас дар ин тирандозӣ кушта нашудааст.

"Соати тақрибан 8:00 ба шӯъбаи пулис дар вилояти Перм хабар расид, ки хонанда 12-сола ду маротиба ба шифт ва фарши мактаб тир холӣ намудааст", - омадааст дар хабари манбаъ.

Манбаъ меафзояд, феълан ноболиғ дастгир гардидааст ва ҳодисаи мазкур аз ниҳоди марбута таҳқиқ мешавад.
Илова бар ин пулис феълан маълум мекунад, ки хонандаи мактаб силоҳи оташфишонро аз куҷо дастрас намудааст.
Акции памяти погибших в Перми - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Ҳувияти шаш қурбонии тирпаронӣ дар Перм маълум шуд: ҷавонтарини онҳо 18 сол дошт
Дар ҳамин ҳол шоҳидони ин воқеа мегӯянд, ин наврас ҳангоме ки вориди мактаб шуд, бо овози баланд номи Дашаро гирифт.
Ёдовар мешавем, ки 20 сентябр дар Донишгоҳи Перм Тимур Бекмансуров, донишҷӯи бахши якум аз силоҳ тир кушод, ки дар натиҷа 6 нафар кушта шуд ва ҳамчунин 47 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардошт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала