Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Баҳси марзӣ: натоиҷи тафтишоти Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон чӣ шуд?

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксСитуация на границе Кыргызстана и Таджикистана
Ситуация на границе  Кыргызстана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Муноқиша дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон охири моҳи апрели соли равон рух дод
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Тақрибан нисфи кори гурӯҳҳои тафтишотӣ-оперативӣ дар бораи муноқишаи сарҳадӣ дар вилояти Бодканд натиҷагирӣ шуд, гуфт муфаттиши калони Хадамоти тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон Азамат Дуйшеналиев.
Муфаттиш дар ин бора дар брифинги "Афзоиши ҷинояткорӣ дар Қирғизистон - чораҳои ВКД" дар маркази матбуоти мултимедиявии Sputnik суханронӣ кард.
Ба гуфти Дуйшеналиев, гурӯҳҳои тафтишотӣ ва фаврӣ, ки бо фармони вазир таъсис дода шудаанд, амалҳои зарурии тафтишот, аз ҷумла азназаргузаронии ҷои ҳодиса ва таъини экспертизаҳоро анҷом доданд.

"Гурӯҳҳои тафтишотӣ 527 маврид аз парвандаи пешакиро тафтиш карданд, барои онҳо зиёда аз 330 экспертиза таъин карда шуд - сӯхтор, баллистикӣ, тарканда, тиббӣ. Имрӯз тақрибан 50 дарсади натиҷаҳои ташхисҳо омодаанд, мо қисми боқимондаро интизорем", - гуфт Дуйшеналиев.

Ӯ афзуд, ки аз рӯи натиҷаҳои маводи ҷамъоваришуда ва ташхисҳо, баъзе шаҳрвандон ғоибона дар бораи содир шудани ҷиноят хабар додаанд.
Президент Кыргызстана Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Ҷабборов гуфт, аломатгузории марз бояд зудтар ҳал шавад
"Ман номи онҳоро ифшо намекунам", - таъкид кард муфаттиши калон.
Амалҳои зарурии тафтишотӣ идома доранд ва аз рӯи натиҷаҳои кор баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад, - илова намуд ӯ.

Муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28 апрел вахим шуд. Дар маркази тақсимотии оби "Головной", ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, байни сокинони ду кишвари ҳамсоя муноқиша ба амал омад.
Мақомоти ҳарду кишвар бар ин боваранд, ки макони тақсими об дар қаламрави онҳо ҷойгир аст, аммо ҳанӯз ин масъала ҳал нашудааст.
Военнослужащие вооруженных сил Кыргызстана на границе с Таджикистаном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Қирғизистон амният дар марз бо Тоҷикистонро таҳким мебахшад: сабаб
Рӯзе баъд, 29 апрел низои байни сокинони маҳаллӣ ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт.
Дар ин росто вазирони умури хориҷӣ ва нахуствазирони ду кишвар музокироти изтирорӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа дар бораи оташбас ва хуруҷи техникаи низомӣ аз марз тавофуқ ҳосил, аммо рӯзи дигар тирпаронӣ аз сар гирифта шуд.
Дар натиҷаи муноқиша 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд, 87 нафари дигар, аз ҷумла шаҳрдори Исфара низ ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Ҷониби Қирғизистон иддао дорад, ки дар ин мунозиа 36 шаҳрванди ин кишвар кушта ва тақрибан 200 нафари дигар аз онҳо захмӣ шудаанд.
Мактабе дар Турсунзода номи шаҳиди низои марзӣ Некрӯз Ғафурзодаро гирифт
Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон давра ба давра ба минтақаи муноқишаи байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар табдил меёбад.
Кӯчае дар Суғд ба номи прапоршики ҳалокшуда дар марз бо Қирғизистон гузошта шуд
Сабаби асосӣ қитъаҳои заминҳои тақсимнашуда аст; ҷонибҳо дар бораи аломатгузории зиёда аз 70 қитъаи замини баҳсбарангез аз замони пош хӯрдани ИҶШС то кунун ба мувофиқа нарасидаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала