Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Пизишк: COVID-19 ҳамчун зуком буруз кардааст

© Facebook / Евгений ТимаковЕвгений Тимаков, Врач-педиатр, инфекционист и вакцинолог, главный врач медцентра «Лидер-Медицина»
Евгений Тимаков, Врач-педиатр, инфекционист и вакцинолог, главный врач медцентра «Лидер-Медицина» - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Сироятшиноси рус, номзади илмҳои тиб Евгений Тимаков дар бораи тағйири хусусиятҳои коронавирус гуфт
ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Коронавирус имрӯз монеаҳои масуниятро шикаста убур мекунад, гуфт дар суҳбат бо шабакаи "YouTube" -и Sputnik, номзади илмҳои тиб Евгений Тимаков.

"Вирус худро ҳамчун бемориҳои мавсимии анъанавӣ - шамолхӯрӣ ва зуком вонамуд мекунад. Вақте беморӣ мисли табларза ва осеби шадиди шуш зоҳир мешавад, табобаташ хеле душвор мешавад. Ин аст, ки сирояти коронавирус аксар вақт метавонад чунин сар шавад", - гуфт Тимаков.

Ба гуфтаи ӯ, ба паҳншавии сирояти коронавирус дар марҳилаи аввал бояд монеа эҷод кард.
Агар чунин нашавад, пас 20 фоизи гирифторон бемориро дар шакли шадид аз сар мегузаронанд ва дар бадтарин ҳолат онҳо ба марг мувоҷеҳ мешаванд.
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Сабаби нави марг аз коронавирус маълум шуд
Ҳамзамон 80 фоизи беморон коронавирусро дар шакли сабуктар мегузаронанд. "Аммо марҳилаҳои аввал шинохтани COVID муҳим аст", - шарҳ дод пизишк.
Вай таъкид кард, ки ҳамчун чораи пешгирии паҳншавии густурдаи коронавирус, ҳоло дар Маскав низоми озмоиши ройгони экспресс барои COVID-19 роҳандозӣ шудааст.
Гузашта аз ин хориҷиёне, ки дар Русия доимӣ кор мекунанд, низ метавонанд аз нуқтаҳои санҷиши фаврӣ истифода кунанд.
Санҷиши экспресс бо бимаи тиббӣ гузаронида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала