Ҳукми лағвшудаи Отамбоев боз эътибор пайдо кард

© AFP 2021 / VYACHESLAV OSELEDKOБывший президент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев (в центре)
Бывший президент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев (в центре) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Ҳукми Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури пешини Қирғизистон, ки соле қабл бекор шуда буд, дубора эътибор пайдо кард
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Додгоҳи олии Қирғизистон ҳукми президенти пешини ин кишварро, ки қаблан лағв шуда буд, барқарор намуд. Дар ин бора Sputnik Қирғизистон хабар додааст. Ӯ боз фарди маҳкумшуда ба 11 соли зиндон маҳсуб мешавад.
Отамбоев дар ғайриқонунӣ аз маҳбас озод кардани Азиз Батукаев, яке аз роҳбарони олами ҷиноӣ дар соли 2013 гунаҳкор дониста мешавад.
Ҳукми ӯ бо дархости Додситонии кулли Қирғизистон дубора эътибор пайдо кард.
"Додгоҳ розӣ шудааст, ки қаблан ҳукми Алмосбек Отамбоев беасос бекор карда шудааст", - изҳор доштааст вакили дифои раисҷумҳури пешин.
Бывший президент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2021
Парвандаи нави Алмосбек Отамбоев: собиқ Президент боз барои кадом ҷиноят муттаҳам мешавад
Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, додгоҳ ин парвандаро дигарбора баррасӣ хоҳад кард, аммо ин мурофиаи дигарбора танҳо барои расмиёт аст.
Дар баробари фасодкорӣ, алайҳи Отамбоев чанд парвандаҳои ҷиноии дигар: барои даст доштанаш дар бетартибиҳои оммавии соли 2019-ум дар Қирғизистон, ғайриқонунӣ ҷамъ кардани сарват, ташкили ғасби ҳокимият ва қатли афсари воҳидҳои махсус аз тарафи ҷонибдоронаш боз шудааст.
Худи Отамбоев тамоми иттиҳомотро рад карда, изҳор медорад, ки онҳо ангезаи сиёсӣ доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала