Ҳамлаи барқвор ва пирӯзии Фаррух бар ҳарифи русаш: беҳтарин лаҳзаҳои набард

Размкори тоҷик бо як маҳорати хос рақибашро дар кӯтоҳтарин фурсат мағлуб кард
Сафҳаи "YouTube"-и "Gorilla MMA" порчаҳои беҳтарин лаҳзаҳои задухӯрдҳои мусобиқаеро, ки дар рӯзҳои истироҳатии гузашта доир шуд, нашр кард.
Яке аз ҷолибтарин набардҳо дидори варзишгари Тоҷикистон Фаррух Холиқов бо Юлиан Кочани рус буд.
Нокаут дар даври аввал: шикасти размкори тоҷик аз рақиби русаш - видео
Бо вуҷуди ин дӯстдорони варзиш натавонистанд аз ин мубориза лаззати бештар баранд, зеро он дар даври аввал ба охир расид.
Зодаи Тоҷикистон бо як маҳорати хос ба рақибаш фишор овард, ки варзишкори рус ба кунҷи майдон рафт.
Дар идома Фаррух Холиқов бо зарбаҳои шадиди пай дар пай ба сару рӯйи Юлиан Кочани ӯро аз пой даровард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала