Қурби доллар нисбати рубл ба поинтарин нишондод дар соли равон расид

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузаштан ба хазинаи аксДенежные купюры: российский рубли и доллары
Денежные купюры: российский рубли и доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Коршинос мутмаин нест, ки ҷуфти доллар - рубл дар ояндаи наздик то нишондоди 70 рубл барои як доллар поин равад
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Қурби доллар нисбат ба рубл то нишондоди поинтарин дар соли ҷорӣ расид, бармеояд аз додаҳои биржаи Маскав.
Арзиши доллар то ба 70,84 рубл поин рафтааст, ки пасттарин шохис дар соли равон мебошад.
Қурби евро бидуни тағйироти ҷадид мисли рӯзи гузашта ҳудуди 82,70 рублро ташкил дод. Вазъ дар бозори асъор ба ҳолат дар бозори нафт рабт дода мешавад.
Фючерси декабрии нафти навъи Brent 0,5% афзоиш ёфта, то 84,77 доллар сари як баррел мерасад. Инчунин шохиси доллар дар сабади асъори шаш кишвар - шарикони асосии тиҷории ИМА 0,38% то 93,614 нишондиҳанда кам шудаст.
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Яке аз калонтарин бонкҳои Чин иҷозати кор дар Тоҷикистонро гирифт
"Арзиши ҷуфти доллар - рубл имрӯз дар сатҳи 70,5 рубл дар барои як доллар дар назар аст. Ин ба муътадилии нархи нафт ва майли сармоягузорон ба таваккал дар пасманзари интизориҳои мусбат аз ҳисоботи ИМА рабт дорад", - изҳор дошт Егор Жилников, масъули Промсвязбонк.
Дар мавриди вазъи минбаъдаи қурби асъор Алексей Антонов аз ширкати "Алор брокер" мегӯяд, рубл ҳанӯз таҳти фишор қарор дорад.
Ӯ тавзеҳ дод, ки қисмате аз маблағҳои бадастомада барои хариди асъор равона мешавад. Ба ин далел коршинос мутмаин нест, ки ҷуфти доллар - рубл дар ояндаи наздик то нишондоди 70 рубл барои як доллар поин равад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала