Президент РФ Владимир Путин выступает во время военного парада на Красной площади - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Русия
Русия бузургтарин кишвари ҷаҳон аст, ки дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Шимолӣ ҷойгир аст. Манзараи Русия бениҳоят гуногун аст: дар ҳудуди он тундра, ҷангалҳо ва соҳилҳои субтропикӣ мавҷуданд. Охирин хабару гузоришҳои вобаста ба Русия дар ин пайванд гирд оварда шудаанд.

Русия НАТО -ро аз Маскав ронд: видео

Обуна шудан
Сергей Лавров, раҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия аз иқдомоти сахти Маскавро барои ихроҷи дипломатҳо хабар дод
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки дар натиҷаи иқдомҳои ҳадафмандонаи НАТО, Русия амалан шароити муносиби фаъолияти ибтидоии дипломатиро надорад.
"Дар посух ба амалҳои НАТО мо кори намояндагии доимии худро бозмедорем. Фаъолияти намояндагии иртиботии низомии НАТО дар Маскавро қатъ мекунем. Аккредитатсияи кормандони он аз 1 ноябр бозхонд карда мешавад", - гуфт Лавров.
Русия равобиташро бо НАТО қатъ кард: оғози буҳрон
Ҳамзамон дафтари иттилоотии НАТО дар Маскав низ баста мешавад.
"Агар аъзои НАТО ягон масъалаи таъхирнопазир дошта бошанд, метавонанд бо сафири мо дар Белгия дар ин бора тамос гиранд", - илова намуд роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Лавров қайд кард, ки Котиботи НАТО аз ин тасмим огоҳ карда шудааст ва изҳороти дахлдори Вазорати корҳои хориҷӣ дертар нашр хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0