Эҳтимоли ширкати Путин дар нишасти G20

Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Музокироти қарибулвуқуи раҳбарони ҷаҳон дар Рум ба мавзуи ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистон бахшида хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 19 окт - Sputnik. Эҳтимол дорад, президенти Русия Владимир Путин дар ин нишаст ширкат кунад, гуфт сухангӯи ӯ Дмитрий Песков.
Ин масъала дар музокироти раҳбари Русия ва сарвазири Италия Марио Драги баррасӣ шудааст.
Президент России Владимир Путин в режиме видеоконференции принимает участие в заседании Совета глав государств Шанхайской организации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Путин: Барои ба расмият шинохтани "Толибон"* набояд шитоб кард
Песков ҳамчунин гуфтааст, ки президенти Русия дар сурати тасмими мусбат барои ширкат дар гуфтушунид ба таври маҷозӣ - тавассути алоқаи видеоӣ ширкат хоҳад кард.

"Владимир Путин ба кори раёсати Италия дар ин ҷода баҳои баланд дод ва омодагии худро барои ширкат дар ин ҳамоиш тавассути робитаи видеоӣ эълом кард", - омадааст дар хадамоти матбуотии кишвардори Русия.

Ёдовар мешавем, ки нишасти сарони G20 ба вазъи Афғонистон бахшида мешавад. Пештар дар бораи талошҳо барои ҷалби сарони Русия ва Чин ба ин мулоқот иттилоъ дода мешуд.
Песков гуфт, бо Зеленский суҳбат кардан бисёр душвор аст
Нишасти G20 рӯзҳои 30-31-уми октябр дар Рум баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала