Ваъдаи Мирзиёев ба афғонистониён: Гурусна намемонед

Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Шавкат Мирзиёев ба мардуми Афғонистон ваъда додааст, ки зимистони дарпешистода аз гуруснагӣ ранҷ намекашанд
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Мардуми Афғонистон зимистони имсолро бехатар хоҳанд гузаронд, иҳшор доштааст кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев.
Роҳбари Ӯзбекистон дар мавриди мушилоти он сӯйи Ому зимни мулоқот бо интихобкунандагон дар шаҳри Тошканд изҳори назар намуд.

"Мушкилоти Афғонистон ҳамаи моро водор мекунад, ки ҷиддӣ фикр кунем. Ин кишвар имсол зимистонро бехатар, бидуни гуруснагӣ ва ҷанг гузаронида метавонад ", - гуфт Мирзиёев.

Дар робита ба масъалаи зимистони бехавфи Афғонистон Мирзиеёв аснои суҳбати худ дар мавриди пандемия таъкид кард. Ӯ гуфт, ҷаҳон ҳеҷ гоҳ ин гуна озмоиши ҷиддиро надида буд. Зеро вазъияти мавҷуда дар робита ба паҳншавии бемории коронавирус ҳатто абарқудратҳоро дар ҳолати ногувор қарор додааст.
Дар идома ӯ изҳор дошт, барои Ӯзбекистон аз ҳама муҳим ин аст, ки тире аз Афғонистон ба қаламрави кишвараш паронда нашавад. Маҳз ба ҳамин хотир, ҳукумати ин кишвар бо намояндагони "Толибон"* борҳо мулоқот баргузор кард.
Гумпомощь из Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2021
100 тонна кумаки башардӯстона дар Тирмиз барои мардуми Афғонистон ҷамъ оварда шуд
Ҳамчунин барои наҷот додани ардуми Афғонистон дар шаҳри Тирмиз маркази ҳамлу нақл таъсис ёфтааст, ки он ҷо ба ҳамсоякишвар миқдори зиёди кумакҳои башардӯстона фиристода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки аз маркази мазкур ҳудуди 100 тонна кумаки башардӯстона ба Мазори Шариф ирсол шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала