Вокуниши Жириновский ба изҳороти Эрдуғон дар мавриди аъзои Шӯрои амнияти СММ

© Пресс-служба Госдумы РФ / Гузаштан ба хазинаи аксПредседатель ЛДПР Владимир Жириновский
Председатель ЛДПР Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Раиси Ҳизби либерал-демократии Русия ба изҳороти Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар мавриди аъзои Шӯрои амнияти СММ вокуниш кард
ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Раҷаб Тайиб Эрдуғон хостори афзоиши аъзои Шӯрои амнияти СММ шудааст, чун худаш мехоҳад дар тасмимгириҳои ҷаҳонӣ ширкат кунад, изҳор дошт Владимир Жириновский.
Раиси Ҳизби либерал-демократии Русия хотиррасон кард, ки Туркия дар ҷангҳои ҷаҳонӣ тарафи мағлуб буд.
"Эрдуғон мехоҳад Шӯрои амнияти СММ-ро васеъ кунаду дар тақдири ҷаҳон саҳм гузорад. Эрдуғон фаромӯш кард, ки аз ҷониби кӣ Шӯрои амнияти СММ ташкил шуд - аз ҷониби кишварҳои пирӯз. Туркия ҷониби мағлуб аст. Ҳам дар Ҷанги Якуми Ҷаҳон ва ҳам дар дуюм. Куҷо дастдарозӣ дорад? Дар Шӯрои амнияти СММ онҳоеянд, ки дар мудҳиштарин ҷанги охир пирӯз гардиданд", - изҳор дошт ин сиёсатмадори рус.
Ахиран раисиҷумҳури Туркия гуфт, кишварҳои пирӯз дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, ки аъзои ин Шӯрои амнияти СММ мебошанд, набояд сарнавишти инсониятро муайян кунанд.
Лидер партии ЛДПР Владимир Жириновский  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
"Шумо мебинед, ки онҳо чӣ кор хоҳанд кард": ҳайрати Жириновский аз афви муҳоҷирон
Ба қавли Эрдуғон, ҷаҳон тағйир меёбад, дипломатия, тиҷорат, муносибатҳои байналмилалӣ дигаргуниҳои куллиро аз сар мегузаронанд ва аз ин рӯ "тасаввур кардан ғайриимкон аст, ки меъмории амнияти ҷаҳонӣ бетағйир боқӣ монад".
"Сарфи назар кардани тағйирот маънои кӯшиши нигоҳ доштани вазъи мавҷудро, ки пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ба вуҷуд омадааст, надорад", - изҳор дошт Эрдуғон.
Президенти Туркия таъкид кард, ки дар ҷаҳон беш аз 200 кишвар арзи вуҷуд дорад, на панҷ кишваре, ки узви доимии Шӯрои амнияти СММ мебошанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ Хилофати Усмонӣ аз тарафи Олмон иштирок кард.
То охири Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ Туркия бетараф буд, дар зимн 18 июни соли 1941 бо Олмон шартномаи дӯстӣ имзо карда буд. Баъдан, 23 феврали соли 1945 алайҳи гитлерчиён ҷанг эълон кард, аммо амалан ҷониби Туркия дар ҷанг иштирок надошт. Муаррихон нақши Туркияро дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ гуногун арзёбӣ мекунанд. Дар зимн Туркия аз ҷумлаи 50 кишвари ҷаҳон буд, ки узви СММ шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала