Маҳдудияти таъмини сӯхт ва саргардонии ширкатҳои ҳавопаймоӣ: Қимати билет чӣ мешавад?

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкЗаправка пассажирского самолета. Архивное фото
Заправка пассажирского самолета. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
Обуна шудан
Бархе аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз дастрасии маҳдудашон ба маводи сӯхт дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон гила карданд, ки хароҷоти бештари вақту маблағро дар пай дорад
ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Масъулини ширкатҳои ҳавонарвардӣ мегӯянд, аз нимаи моҳи октябр дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон таъминоти маводи сӯхт (керосин) барои ҳавопаймоҳо маҳдуд шудааст.
Як масъули намояндагии ширкати ҳавопаймоии “Сибир” ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд ҳоло таъминоти маводи сӯхт барои ҳавопаймоҳои ширкати онҳо дар ҳудуди 3 тонна маҳдуд шудааст.

“Ин миқдор барои парвоз то шаҳрҳои Русия намерасад. Ду рӯз пеш ҳавопаймои ширкат, ки аз шаҳри Владивосток ба Хуҷанд омада буд, барои бозгашт сӯзишвории кофӣ нагирифт. Ночор ба Тошканд, ки дар самти дигар аст, парвоз карда, аз он ҷо керосин гирифта баъд ба Владивосток баргашт”, - гуфт корманди ширкати “Сибир”.

Ӯ тавзеҳ дод, ки ин парвоз ба Тошканд ҳудуди ду соат вақти иловагиро мегирад, чун аз масири парвоз тамоман дар канор мебошад. Дар Қирғизистон, ки дар масири парвоз қарор дорад, барои фуруди шаҳрвандони Тоҷикистон маҳдудиятҳо вуҷуд доранд ва имкони гирифтани сӯзишворӣ аз ин кишвар нест, зикр намуд мусоҳиб.
АЗС в Москве  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
Ҷаҳиши нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон: Чанд буду чанд шуд?
Намояндагони ширкати “Урал” ҳам маҳдудияти таъминоти маводи сӯхти ҳавопаймо дар фурудгоҳҳои Тоҷикистонро таъйид кард. Онҳо изҳор медоранд, ки ночор дар фурудгоҳҳои дигар кишварҳо поин мешаванд, то маводи сӯхт гиранд. Таъкид гардид, ки ин ҳама масрафи зиёди вақту маблағ аст, ки ба қимати билети ҳавопаймо низ таъсир мерасонад.
Ширкати таъминкунанди маводи сӯхт дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон феълан ин қазияро шарҳ надодааст.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, нархи як тонна керосин барои ҳавопаймо дар Тоҷикистон то ба 1500 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки ин назар ба кишварҳои дигари минтақа қиматтар мебошад.
Лентаи хабарҳо
0