Президент РФ Владимир Путин выступает во время военного парада на Красной площади - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Русия
Русия бузургтарин кишвари ҷаҳон аст, ки дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Шимолӣ ҷойгир аст. Манзараи Русия бениҳоят гуногун аст: дар ҳудуди он тундра, ҷангалҳо ва соҳилҳои субтропикӣ мавҷуданд. Охирин хабару гузоришҳои вобаста ба Русия дар ин пайванд гирд оварда шудаанд.

Дар метрои Маскав барои кор донандаи забони тоҷикӣ меҷӯянд: чаро ин хуб аст?

Метро Москвы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Дар як истгоҳи метрои Маскав ба корманде ниёз доранд, ки забони тоҷикӣ ё ӯзбекиро балад бошад
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар сайти эълонҳои кор дар метрои шаҳри Маскав метавон ҷойҳои холии хазинадор барои нафароне, ки забони тоҷикӣ ё ӯзбекиро медонанд, пайдо кард.
Ҷои кори холӣ марбути истгоҳи Лесопарково аст, ки аз он ҷо автобусҳо ба маркази муҳоҷират, воқеъ дар Сахарово мераванд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълони чунин ҷойҳои холии корро сард ва ҳатто бо хашм қабул карданд.
Аммо тавре раиси Комиссияи ҳамоҳангсозии муносибатҳои байни миллатҳо ва динҳои Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Русия Владимир Зорин дар муколама бо хабарнигори Sputnik гуфт, ин як иқдоми мантиқӣ аз ҷониби метро аст.
Курьер службы доставки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Муҳоҷирони боарзиш: дар Русия гуфтанд, ба кадом корҳо коргар ниёз доранд
"Он мушкилоти эҳтимолии забон барои хориҷиёнеро, ки ба маркази муҳоҷират мераванд, осон мекунад", - афзуд коршинос.
Зорин пайдо кардани корманд, хазинадореро, ки бо забонҳои ӯзбекӣ ё тоҷикӣ ҳарф занад ё истихдоми тарҷумон барои муҳоҷирон дар назди хазинаи истгоҳи метроро иқдоми муносиб хонд.
Ба гуфтаи Владимир Зорин, коргароне, ки дониши забонҳои гуногун доранд, ба бозори меҳнат таҳдид намекунанд.

"Донистани забонҳои дигар маънии инкори забони русиро надорад. Барои як истгоҳ ҳадди аксар се нафар пайдо мешавад, агар онҳо дар баст кор кунанд", - хулоса кард коршинос.

Зорин инчунин гуфт, ки барои Маркази сайёҳии Маскав низ, тибқи ҳамин принсип, шояд мутахассиси забони чинӣ лозим шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала