Сироятшавии теъдоди зиёде аз кӯдакон дар Бишкек

© Sputnik / Илья Питалев / Гузаштан ба хазинаи аксВрач Национального медицинского исследовательского центра здоровья детей Министерства здравоохранения РФ
Врач Национального медицинского исследовательского центра здоровья детей Министерства здравоохранения РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Бемориҳои сирояткунанда хатарнок аст, зеро зуд тавассути ҳаво метавонанд шахси дигарро бемор кунанд
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар кӯдакистонҳои шаҳри Бишкек ва дигар манотиқи Қирғизистон аз гирифтории ҷамъии кӯдакон ба зуком хабар доданд, навиштааст Sputnik Қирғизистон.
Вале ба гуфти ноиби раиси шаҳр Виктория Мозгачева, масъалаи гузаронидани мактабҳои Бишкек ба таълими онлайнӣ бинобар афзоиши гирифторӣ ба сироятҳои шадиди вирусии респираторӣ ва зуком дар байни кӯдакон то ҳол матраҳ нашудааст.
Дар ин бора Мозгачева дар брифинги маркази матбуотии Sputnik Қирғизистон суҳбат кард.
"Бояд иқрор шуд, ки мо афзоиши бемориҳои сироятии шадиди роҳи нафасро мушоҳида кардем. Онҳо хеле сирояткунанда буда, тавассути ҳаво зуд интиқол меёбанд. Дар боғчаҳо ва яслиҳо кӯдакони бемор бисёранд. Ҳамчунин хатари сирояти коронавирус вуҷуд дорад.

Мо мефаҳмем, ки ин мушкил аст, аммо даъват мекунем, дар мактабу ва кӯдакистонҳо ниқоб пӯшанд, гузаштан ба реҷаи онлайнӣ матраҳ намешавад, мо тамоми чораҳоро меандешем, то кӯдакон дар формати анъанавӣ таҳсил кунанд", - гуфт Мозгачева.

Бояд гуфт, аз моҳи октябр дар Бишкек афзоиши бемориҳои сироятии шадиди респираторӣ дар байни кӯдакон мушоҳида мешавад.
Чеснок  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Сир - давои муассир бар зидди вирус: ба киҳо истеъмоли он мумкин нест?
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз беморхонаҳои пур шикоят мекунанд.
Вазорати тандурустии Қирғизистон эълом кард, ки дар пойтахт барои кӯдакони гирифтори зуком ва пневмония як беморхонаи муваққатӣ боз мешавад
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала