Сир - давои муассир бар зидди вирус: ба киҳо истеъмоли он мумкин нест?

© PixabayЧеснок
Чеснок  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Барои аксари одамон сир фоида дорад, вале дар як рӯз набояд зиёда аз ду ғилофаки он хӯрда шавад
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Ба киҳо хӯрдани сир мумкин нест, дар ин бора пизишки оилавӣ Анна Ивашкевич дар суҳбат бо радиои Sputnik изҳори назар кард.

"Хӯрдани сир барои афроди дорои захми меъдаи боз мумкин нест. Ва агар шахси гирифтори гастрит онро зиёд бихӯрад, дард ва нороҳатӣ эҳсос мекунад", - ҳушдор дод Ивашкевич.

Вай қайд кард, ки сир барои устувор кардани масунияти бадан дар мавсими вирусӣ мусоидат мекунад.
Молодые люди в Парке Горького в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
Дилтангӣ инсонро ба марг мерасонад: равоншинос
"Ин як ангезишдиҳандаи низоми масуният аст. Сир дар таркибаш миқдори зиёди руҳ дорад, ки барои муқовимат ба вирусҳо кумак мекунад", - шарҳ дод табиб.
Барои аксари одамон он фоида дорад, агар дар як рӯз на зиёда аз ду ғилофакашро бихӯранд.
Олимон мегӯянд, таваллуди фарзанд занро бармаҳал пир мекунад: чӣ бояд кард то ҷавон монд
Агар шахс бемории меъдаю рӯда дошта бошад, беҳтар аст, аз он камтар масраф кунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала