Бори аввал дар 7 сол: Тоҷикистон ва Қазоқистон бозии тимҳои мунтахабро анҷом медиҳанд

© Официальный сайт ФФТНациональная сборная Таджикистана. Архивное фото
Национальная сборная Таджикистана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Обуна шудан
Тими миллии Тоҷикистон дар шаҳри Нурсултон бо яккачини Қазоқистон бозии дӯстона баргузор мекунад
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва Қазоқистон ба мувофиқа расиданд, ки дар моҳи ноябри соли 2021 бозии дӯстона баргузор кунанд, хабар медиҳад котиботи ФФТ.
Бозӣ 16 ноябр, соати 19:00, ба вақти маҳаллӣ (18:00 Душанбе) дар варзишгоҳи "Астана Арена"-и Нурсултон баргузор мешавад.
Тимҳои миллии ду кишвар дар тӯли таърихи истиқлоли худ бо ҳам чаҳор бозӣ анҷом додаанд.
Дидори қаблии яккачинҳо як бор мусовӣ ва се дафъа бо ғалабаи футболбозони Қазоқистон хотима ёфта буд. Ҳамин тариқ тими миллии Тоҷикистон имкони "реванш"-ро дорад.
Национальная сборная Таджикистана провела заключительную тренировку в Куала-Лумпуре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2021
Арзиши тими миллии футболи Тоҷикистон маълум шуд: гаронтарин бозигар Умарбоев
Бозии охирини дастаҳо 12 августи соли 2014 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Алмаато баргузор шуда буд, он гоҳ мунтахаби Қазоқистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.
Ёдовар мешавем, ки қимати тими миллии футболи Тоҷикистон дар бозори интиқол пештар портали машҳури варзишии Олмон "Transfermarkt.de" эълон карда буд.
Бар асоси он, тими миллии футболи Тоҷикистон 5,85 миллион евро арзёбӣ шуда буд ва қиматтарин бозигар нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев шинохта шуд.
Лентаи хабарҳо
0