Ӯзбекистон таъруфаи хадамоти фурудгоҳро арзон кард

Boeing 777 в небе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Рӯйхати ҷадиди нархномаҳо ва пардохтҳо дар аввали мавсими зимистон, яъне аз 31 октябр ҷорӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар фурудгоҳҳои Ӯзбекистон таъруфаҳои хидматрасонӣ барои ширкатҳои ҳавоии хориҷӣ поён бурда мешавад, хабар медиҳад торномаи "Podrobno.uz".
Ҳамин тариқ таъруфаҳо ба ҳисоби миёна 15% арзон мешаванд.

"Коҳиш додани нарх ва пардохтҳо рақобатпазирии фурудгоҳҳои Ӯзбекистонро афзоиш медиҳад ва ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷиро бештар ҷалб мекунад", - омадааст дар изҳорот.

Нарх ва пардохтҳои ҷадид дар аввали зимистон, яъне аз 31 октябр иҷроӣ мешавад.
Заправка пассажирского самолета. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
Маҳдудияти таъмини сӯхт ва саргардонии ширкатҳои ҳавопаймоӣ: Қимати билет чӣ мешавад?
Намояндаи фурудгоҳ тавзеҳ дод, тағйири таъруфаҳо барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ як қадами муҳимест, ки арзиши парвозҳоро коҳиш медиҳад ва барои арзон кардани нархи чиптаҳои ҳавопаймо барои мусофирон замина мегузорад.
Навоварии дигар фароҳам шудани шароит барои имзо шартнома дар миёни фурудгоҳ ва ширкати ҳавопаймоӣ бидуни миёнарав хоҳад буд.
Самолет, на фоне заката - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Оё Ӯзбекистон парвозҳо бо Афғонистонро аз сар мегирад?
Дар ҳамин ҳол пештар хабар дода мешуд, ки аз нимаи моҳи октябр дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон таъминоти маводи сӯхт (керосин) барои ҳавопаймоҳо маҳдуд шудааст.
Дар натиҷа ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ маҷбуранд, барои гирифтани сӯзишворӣ ба фурудгоҳҳои кишварҳои сеюм раванд, ки ин амал масири парвозро ба таври назаррас тӯлонӣ мекунад ва ҳамчунин боиси болоравии арзиши билет мегардад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала