Бонки миллӣ якбора меъёри бозтамвилро боло бурд

© SputnikНациональный банк республики Таджикистан. Архивное фото
Национальный банк республики Таджикистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Бонки миллӣ меъёри бозтамвилро ба 0,25 банди фоизӣ боло бурд
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро то 13,25 дарсад боло бурд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА "Новости" дар истинод ба сомонаи расмии БМТ.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ, меъёри бозтамвил 0,25 банди фоизӣ боло бурда шуд. Чунин иқдом бар асоси пешгӯии таъсири хатарҳои эҳтимолии дохилӣ ва хориҷӣ ба иқтисод бо назардошти фишору интизориҳои таваррум гирифта шудааст.

"Ҳадаф аз ин тасмим коҳиши сатҳи таваррум дар давраи миёнамуҳлат дар доираи шохиси ҳадафманд аст", - афзуд БМТ.

Ёдовар мешавем, ки охирин бор БМТ дар охири моҳи июли соли 2021 меъёри бозтамвилро тағйир дода буд.
Пстреча Председателя Национального банка Таджикистана Хокима Холикзода с новой Делегацией МВФ. в Таджикистан Селима Элекдага - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Нигаронии ХБА аз Бонки миллӣ дар ҳоли сар задани хавфҳои ғайримунтазира
Пас аз боло бурдани меъёри бозтамвил он ба 13 дарсад расида буд. Қаблан БМТ бинобар пандемияи коронавирус меъёрро то 10.75 фоизи солона коҳиш дода буд.
Лозим ба ёдоварист, ки меъёри бозтамвил меъёри фоизие ба шумор мешавад, ки бар асоси он, бонки марказии кишвар ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз дода, онҳо дар навбати худ барои соҳибкорӣ ё дигар эҳтиёҷоти шахсӣ ба аҳолӣ қарз медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала