Тоҷикистон бо вилояти Липетски Русия додугирифт хоҳад кард

© Sputnik / Амир ИсаевПодпись документа. архивное фото
Подпись документа. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Тоҷикистон ҳамкориҳои минтақаӣ бо Русияро тақвият хоҳад дод. Зимнан дар ҷараёни ярмаркаи байналмилалӣ дар вилояти Суғд дар ин маврид чанд созишнома ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Намояндагони минтақаии Русия ва Тоҷикистон дар ярмаркаи байналмилалии тиҷоратии "Суғд-2021" дидору гуфтугӯ карданд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости” бо истинод ба Игор Артамонов, волии вилояти Липетски Русия.
Ба гузориши манбаъ, тарафҳо ба созиш расиданд, ки дар робита ба интиқоли молҳои саноатӣ ба Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд.
Тавре раҳбари мақомоти ин минтақа гуфтааст, ба Тоҷикистон оҳан, филизи обкоришуда, филизи дорои рӯкаши полимерӣ, рӯғанҳои молиданӣ ва барои истифодаи саноатӣ, инчунин таҷҳизоти барқӣ содир мешавад.
Ахмадзода провел встречу с главой компании “Баракат- Исфара” - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
“Баракат-Исфара” дар Суғд боғи нав бунёд мекунад
Дар навбати худ мақомоти Тоҷикистон ҳайати Русияро бо имконоти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ошно ва ба густариши муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо вилояти Липетск изҳори умедворӣ карданд.
Қобили зикр аст, ки дар ин намоиши иқтисодӣ зиёда аз 200 нафар соҳибкор аз вилоятҳои Бурятия, Твер, Самара, Воронеж, Томск ва манотиқи мухталифи Осиёи Марказӣ ширкат карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала