Аҳмадзода ба аёдати собиқадорони меҳнат рафт: чӣ туҳфа бурд?

© Мақомоти вилояти СуғдАҳмадзода дар манзили собиқадори меҳнат Моҳира Облоқулова
Аҳмадзода дар манзили собиқадори меҳнат Моҳира Облоқулова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Панҷакент аз аҳволи ду собиқадори меҳнат бохабар шуд ва ба онҳо кумаки моддӣ расонд
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Раиси вилояти Суғд, собиқадорони меҳнат Илёс Абунасров ва Моҳира Облоқуловаро аёдат кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.
Бино ба гузориши манбаъ, раиси вилоят зимни суҳбат бо собиқадорон аз хидматҳои онҳо дар рушди соҳаҳо ёдовар шуда, ба онҳо кумаки моддӣ расонид.

Илёс Абунасров

Илёс Абунасров соли 1939 дар Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ, дар оилаи коргар таваллуд шудааст.
Ӯ Институти омӯзгории шаҳри Душанберо бо ихтисоси физика - математика хатм карда, солҳои тӯлонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 фаъолият намудааст.
Губернатор Согдийской области Раджаббой Ахмадзода посетил ряд детей с ограниченными возможностями в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Аҳмадзода кӯдакони маъюбро аёдат карду ваъда дод нафақаашон 20 фоиз зиёд мешавад
Ӯ дар ҷумҳурию вилоят, шаҳри Панҷакент ҳамчун омӯзгори намунавӣ шинохта шуда, бо чандин ифтихорномаву сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ва мукофотҳо қадрдонӣ гардидааст.

Моҳира Облоқулова

Моҳира Облоқулова бошад, соли 1940 таваллуд шудааст.
Ӯ мудири собиқи “Пиллаи тоҷик” дар шаҳри Панҷакент мебошад.
Солҳои зиёд дар соҳаи хидмати давлатӣ фаъолият намуда, бо чандин ифтихорномаву сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Панҷакент қадрдонӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала