Паёмади сӯхтори тахтабозори "Баракат" дар Суғд - акс

© Sputnik Последствия пожара на рынке стройматериалов "Баракат"
Последствия пожара на рынке стройматериалов Баракат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Бар асари сӯхтори рӯзи 21 октябр дар бозори "Баракат" масолеҳи зиёде аз қабили чубу тахтаҳои сохтмонӣ ба коми оташ рафтанд. Ҳоло макони сӯхтор ба як харобазор табдил ёфтааст
ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Феълан комиссияи вижае иборат аз кормандони идораи сӯхторнишонӣ, мақомоти тафтишотиву амниятӣ сабабҳои сар задани сӯхтор дар тахтабозори “Баракат” -и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро таҳқиқ мекунанд.
Аз бозори "Баракат" дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки бо гузашти се рӯз пас аз ҳодисаи сӯхтор фаъолияти бозор аз сар гирифта шуд, вале дастрасӣ ба нерӯи барқ ҳамоно маҳдуд аст.

"Барои маълум намудани сабабҳои сар задани сӯхтор панҷ гурӯҳ таҳқиқ мекунанд", - гуфт яке аз масъулони бозор.

Шоми 21-уми октябр, тахминан соатҳои 20:00 дар бозори фурӯши масолеҳи сохтмонии “Баракат”-и ҶДММ "Агро Фуд" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оташсӯзӣ сар зад ва даҳҳо метр куб чӯбу тахта ва дигар намуд масолеҳи сохтмониро ба коми худ кашид.
Сӯхтор ба ҳадде мудҳиш будааст, ки шуморе аз сокинони атрофи бозор манзараи ба осмон баланд шудани алангаи оташу дуди ғализро мушоҳида кардаанд.
© Sputnik Последствия пожара на рынке стройматериалов "Баракат"
Последствия пожара на рынке стройматериалов Баракат - Sputnik Тоҷикистон
1/3
Последствия пожара на рынке стройматериалов "Баракат"
© Sputnik Последствия пожара на рынке стройматериалов "Баракат"
Последствия пожара на рынке стройматериалов Баракат - Sputnik Тоҷикистон
2/3
Последствия пожара на рынке стройматериалов "Баракат"
© Sputnik Последствия пожара на рынке стройматериалов "Баракат"
Последствия пожара на рынке стройматериалов Баракат - Sputnik Тоҷикистон
3/3
Последствия пожара на рынке стройматериалов "Баракат"
1/3
Последствия пожара на рынке стройматериалов "Баракат"
2/3
Последствия пожара на рынке стройматериалов "Баракат"
3/3
Последствия пожара на рынке стройматериалов "Баракат"
Рӯзи 22 октябр ВКД Тоҷикистон дар шарҳи рухдоди ин ҳодиса иттилоъ дод, ки ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидани оташнишонон сӯхтор дар масоҳати 400 метри мураббаъ паҳн гардида, чӯбу тахтаҳои зери соябонҳоро фаро гирифта буд.
Ин ниҳод инчунин афзуд, ки беш аз 100 миллион сомонии бори соҳибкорон аз сӯхтор наҷот дода шудааст. Аммо то кунун ҳаҷми хисорати расида аз сӯхтор расман эълон нашудааст.
Пожарные тушат огонь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Фаврӣ: Сӯхтор дар тахтабозори "Баракат" дар Суғд - видео
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ, бар асари сӯхтор кам ва ё бештар аз 14 нуқтаи нигоҳдорӣ ва фурӯши чӯбу тахтаҳои сохтмонӣ сӯхта нобуд шудааст.
Бозори "Баракат", маъруф ба тахтабозор аз калонтарин макони фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар вилояти Суғд ба шумор меравад, ки соли 2011 дар канори шоҳроҳи Хуҷанд-Конибодом дар гардиши шаҳри Гулистон сохта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала