Тоҷикистон ва БАТР сармоягузорӣ дар нерӯгоҳи "Роғун"-ро баррасӣ карданд

© Sputnik / Амир ИсаевРогунская ГЭС
Рогунская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Намояндагони БАТР омодагии худро барои идомаи иҷрои тарҳҳои мавҷудаи сармоягузории давлатӣ дар Тоҷикистон иброз доштанд
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ҳамроҳ бо мақомоти Тоҷикистон сармоягузорӣ дар сохтмони нерӯгоҳи "Роғун"ро баррасӣ карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар.
Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо мудири иҷроияи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Жужанна Харгитай мулоқот кард.
ТЭЦ “Душанбе-2”. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2021
Қарзу грант: БАТР барои таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе пул медиҳад
Ҷонибҳо ҳамчунин ба татбиқи лоиҳаҳои мавҷудаи давлатии сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби БАТР дастгирӣ мешаванд, дахл карданд.
Дар идомаи мулоқот намояндагони бонк омодагии худро барои таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва бунёди марказҳои ҳамлу нақл изҳор карданд.
Масъалаҳои расонидани кумаки техникӣ барои татбиқи барномаи "иқтисоди сабз", аз ҷумла дастгирии бахши хусусӣ дар самти истеҳсоли нерӯи барқ ​​аз манобеи барқароршавандаи энергия низ баррасӣ шуданд.
ЛЭП. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
БАТР ба Тоҷикистон барои кам намудани талафоти неруи барқ маблағ ҷудо кард
БАТР ҳамчунин омодагияшро барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳбуди иқтидори зеҳнии корхонаҳои хусусӣ ва дигар соҳаҳо дар Тоҷикистон изҳор намудааст.
Қаблан БАТР барои беҳбуди устуворӣ ва самаранокии бахши энержӣ дар Тоҷикистон ба маблағи 35 миллион евро пул ҷудо карда буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала