Таъйиди вуҷуди як маркази таълимӣ дар Толиқони Афғонистон

© Аз саҳифаи твиттери Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи созмони мамнӯи "Толибон"Нерӯҳои махсуси "Толибон", созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар, ки ба вилояти Тахор фиристода шудаанд
Нерӯҳои махсуси Толибон, созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар, ки ба вилояти Тахор фиристода шудаанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Аҳмад Валӣ Масъуд, раиси Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд ва ҳаракати “Толибон”* мавҷудияти як маркази таълимӣ дар шаҳри Толиқон, маркази вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Афғонистонро таъйид карданд
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Бо вуҷуди ихтилофи назари ҷонибҳо сари наҳваҳои фаъолияти ин марказ гузоришҳо дар бораи мавҷудияти он собит шуд.
Аҳмад Валӣ Масъуд дар як тамоси телефонӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин марказ аз сӯи “Шабакаи Ҳаққонӣ”-и марбут ба ҳаракати “Толибон”* тақрибан авоили ҳамин моҳ дар бинои Бунёди ҷаҳонии Аҳмадшоҳи Масъуд дар шаҳри Толиқон таъсис ёфтааст.
“Ин бино ҳанӯз аз солҳои 80-уми асри гузашта марбути Шӯрои наззор ба раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд буд. Аз соли 2001 ба ин сӯ ба дафтари Бунёди Масъуд табдил ёфт, ки ман раҳбараш ҳастам. Бо суқути шаҳри Толиқон дар ин бино толибон ҷойгир шуданд. Имораташ хеле зебост. Афроди мо чанд вақт пеш хабар доданд, ки “Толибон”* ин биноро ба маркази омода кардани истишҳодиву интиҳориҳои худ табдил додааст. Аз дигар ҷузъиёт хабар надорам”, - гуфт раиси Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд.
Нерӯҳои махсуси Толибон, созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар, ки ба вилояти Тахор фиристода шудаанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
“Маркази ISI дар Бунёди Масъуд”: омӯзишҳои террористӣ дар вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон ҳанӯз 16 октябр дар такя ба манобеи худ хабар дода буд, ки дар бинои Бунёди Масъуд, воқеъ дар маркази шаҳри Толиқони вилояти Тахори Афғонистон як маркази омӯзишии тарбияти террористон эҷод шуда, омӯзгорони он мутахассисини Созмони истихбороти Покистон (ISI) мебошанд ва шогирдон дар се баст – ҷангҳои чирикӣ, инфиҷор ва минасозӣ дарс меомӯзанд.
Дар ҳамин ҳол бино ба як гузориши телевизиони “Ориёно Нюс”-и Афғонистон, дар ин марказ ҷангҷӯёни қитъаи “Хулафои рошидин”-и “Толибон”*, ки зоҳиран нав арзи ҳастӣ карда, қаблан дар бораи мавҷудияташ ҳеҷ иттилое набуд, омӯзиш мебинанд ва рӯзи 25 октябр ҳудуди 150 нафарашон аз он фориғ шудаанд.
Мавлавӣ Ҳузайфа, ки фармондеҳи ин марказ муаррифӣ мешавад, мегӯяд, ин афрод барои таъмини амнияти мардум ва сарҳадот эъзом хоҳанд шуд.
Нерӯҳои махсуси Толибон, созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар, ки ба вилояти Тахор фиристода шудаанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Таҳдиди “Толибон” ба Тоҷикистон: “Лашкари Мансурӣ”-ро чаро сохтанд?
Дар ин гузориш гуфта мешаванд, ки ҷангиёни қитъаи “Халафои рошидин” дар маркази таълимии Тахор ду моҳ таълим гирифтаанд ва ба тарзи ҳирфаӣ фаъолият хоҳанд кард.
Қаблан дар Тахор як гурӯҳи “Лашкари Мансурӣ”, баталёни истишҳодӣ (маргталабон)-и “Толибон”* низ ба ин ҳадаф – таъмини амнияти мардум ва сарҳадот таъсис ёфта буд.
Эҷоди воҳидҳои “Лашкари Мансурӣ” дар дигар вилоятҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон – Бадахшону Кундуз ва Балх низ ба ҳадафи таъмини амнияти мардум ва сарҳадот ин гуфтугузорҳоро ба вуҷуд оварда буд, ки “Толибон”* ба ҳамсояи шимолии худ дандон нишон медиҳанд.
* - созмони мамнуъ дар Русияву Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала