Дарозумрӣ дар Тоҷикистон ба ҳадди таърихӣ расид

© Flickr / mau_manuelaПожилые женщины отдыхают на скамейке
Пожилые женщины отдыхают на скамейке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Аз Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки мутавасситаи тӯли умр ё ҳадди миёнаи умр дар деҳот ба 76 сол расидааст
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз афзоиши тӯли умри мардум дар кишвар хабар дод.
Маълумоти нав дар конфронсе, ки дар бораи масъалаҳои вазъияти хидмати геронтологӣ, мушкилоти маъюбон дар Душанбе баргузор гашт, ироа шуд.

"Агар дар соли 2020 давомнокии умр 75,1 сол буд, барои мардон 73,5 ва занон 76,8 сол рост меомад. Ҳоло таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки давомнокии умри аҳолии деҳот нисбат ба аҳолии шаҳр 5,2 фоиз зиёд буда, барои мардон 76,1, барои занон 74,6 ва 77,7 солро ташкил медиҳад", - гуфта мешавад дар гузориш.

Коршиносон ин равандро ба баланд шудани сатҳи зиндагии мардум ва пай дар пай афзудани имконоти молию моддӣ рабт медиҳанд.
Таджикские дети в одежде из атласа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Ба пеш, ба сӯйи 10 миллион! Аҳолии Тоҷикистон чӣ қадар зиёд шуд?
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳазор нафар пиронсол ба сар мебарад, ки қариб 6,0%-и шумораи умумии аҳолиро ташкил медиҳад.
Аз ин шумор беш аз 56 ҳазор нафар аз 80-сола боло буда, 11,2 фоизи пиронсолонро ташкил медиҳанд.
Гуфта мешавад, шахсони солими 60-69-сола 20,1 фоиз ва пиронсолони 70-сола, ки ба хидматрасонии тиббӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ ниёз доранд, 16 фоизи аҳолиро дар бар мегиранд.
Тибқи оморҳо, дар кишвар тӯли миёнаи умр аз 68,2-и соли 2000-ум ба 72,5 сол дар соли 2011 расид. Ин шохис соли 2015 ба 74,3 ва соли 2018 бошад, ба 75 сол баробар шуд.
Старая женщина и ребенок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Тоҷикистон "пир мешавад": шумораи нафақахӯрон дар кишвар дубора афзоиш ёфт
Тибқи пешгӯиҳо, то соли 2030 теъдоди афроди аз 60-сола боло дар Тоҷикистон беш аз 11,5 дарсади ҷамъияти кишварро ташкил хоҳад дод.
Ҳукумат барнома дорад, барои фароҳам овардани шароити мусоиду имкониятҳои баробар тавассути беҳтар намудани вазъи саломатӣ ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолон, аз ҷумла хидматрасонии тиббию иҷтимоии онҳо чораҳои зарурӣ андешад.
Дар ин конфронс ҳамчунин таъкид шудааст, ки ба гуфтаи коршиносони Созмони Милал, дар қарни бистум умри инсон то 20 сол афзоиш ёфта, то соли 2050 10 соли дигар ба ин зам мешавад. Ин тағйир боис мегардад, дар рӯи Замин зиёда аз 2 миллиард нафар пиронсолон зиндагӣ кунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала