Таърихи дақиқи ҷаҳиши рекордии қурби доллар маълум шуд

CC0 / pxhere / Доллары
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Ба пули амрикоӣ яке аз рӯйдодҳои дарпешистода сахт таъсир мерасонад
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Доллар пас аз нишасти намояндагони Бонки федералӣ, ки рӯзи 3 ноябр баргузор мешавад, метавонад боло равад. Дар ин бора Андрей Маслов, таҳлилгари ширкати "Финам" дар мусоҳиба бо хабаргузории "Прайм" хабар дод.
Кам кардани барномаҳои хариди вомбаргҳои давлатӣ афзоиши даромадро тасреъ мекунад. Ҳамин тариқ, коғазҳои қиматноки доллар ба сармоягузории фоидаовар табдил меёбанд, ки талабот ба пули амрикоиро гарм мекунад, мегӯяд мутахассис.
"Агар дар ҷаласаи моҳи ноябр Системаи федералии захиравӣ дар ҳақиқат коҳиши миқдорӣ эълон кунад, қимати доллар метавонад ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёбад," -гуфт Маслов.
Банкноты США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Ояндаи доллар таҳлилгаронро ҳайратзада кард
Таҳлилгар маслиҳат дод, ки дар давоми ду ҳафтаи оянда асъори хориҷӣ харед. Коҳиши барномаҳо аллакай аз афзоиши даромади вомбаргҳои хазинадорӣ шаҳодат медиҳад.
Маслов қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир қурби евро нисбат ба доллар устувортар боқӣ мемонад. Он ду соли пандемияи коронавирусро хеле беҳтар паси сар кард.
"Бонки марказии Аврупо ба эътидол овардани сиёсати пулию қарзиро нисбат ба Системаи федералии захиравӣ зудтар оғоз хоҳад кард, на баръакс", - гуфт мутахассис.
Ҳоло қурби доллар ба далели буҳрони ҷаҳонии энержӣ, афзоиши таваррум ва заъфи тавлидоти саноатӣ коҳишро идома медиҳад.
Маслов хулоса кард, ки ин вазъият аз сабаби хушбинии аз ҳад зиёд дар бозорҳо нигаронкунанда аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала