Ояндаи доллар таҳлилгаронро ҳайратзада кард

© PixabayБанкноты США, архивное фото
Банкноты США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
То охири соли 2021 қурби доллари амрикоӣ барои як доллар аз марзи 70-74 рубл боло нахоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Дар ҳафтаҳои наздик арзиши 1 доллар якбора то ҳадди 70 рубл ва 1 евро то ба 80 рубл коҳиш меёбад. Дар ин бора "Известия" менависад.
Қурби рубли Русия бинобар болоравии нархи сӯзишворӣ тақвият меёбад, гуфт Василий Карпунин, сардори шуъбаи иттилоот ва таҳлилии "Ҷаҳони сармоя".
Денежные купюры: российский рубли и доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Қурби доллар нисбати рубл ба поинтарин нишондод дар соли равон расид
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ҷаҳон шоҳиди болоравии босуръати арзиши газ, ангишт, нафт ва филиз аст.
Карпунин таъкид кард, ки рубл яке аз қавитарин пӯёиҳоро дар баробари доллар нишон медиҳад ва дар муқоиса бо рақибон арзишмандтар ба назар мерасад.
Таҳлилгари аршади "Совкомбонк" Михаил Василев ба таҷдиди сатҳи ҳарсолаи доллар ва евро дар баробари рубл ишора кард. Ба гуфтаи ӯ, ин бо сабаби ҷаҳиши тӯлонии нархҳо барои маҳсулоти асосии содиротии Русия рух дод.
Таҳлилгар гуфт, рублро давраи андозбандӣ, интизории бештари сиёсати пулию қарзии Бонки марказӣ ва афзоиши рӯзафзуни сармоягузорони байналмилалӣ ба дороиҳои хатарнок тақвият бахшид.
Доллар на земле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Путин дар бораи сарнавишти доллар гуфт: "ИМА шохаеро, ки дар он нишастааст, мебурад"
Дар ҳамин ҳол коршиносон мутмаинанд, ки тақвияти пули миллӣ як падидаи муваққатист. Таҳлилгарон интизор доранд, ки қурби доллар то охири сол 70-74 ва евро 82-84 рубл хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала