Чин доштани пойгоҳҳои низомӣ дар Осиёи Марказиро рад кард

© Министерство обороны РФ / Гузаштан ба хазинаи аксВоеннослужащий народно-освободительной армии Китая
Военнослужащий народно-освободительной армии Китая - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2021
Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури хориҷаи Чин тарҳи бунёди пойгоҳи вижа дар дараи Вахони ВМКБ рад накард
ДУШАНБЕ, 29 октябр — Sputnik. Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин Ван Венбин гуфт, ки Чин дар Осиёи Марказӣ пойгоҳи низомӣ надорад.
"Ман бо итминони комил гуфта метавонам, ки Чин дар Осиёи Марказӣ ягон пойгоҳи низомӣ надорад", - гуфт дипломат.
Дар ҳамин ҳол, ӯ мустақиман ба ин суол бо дархости тасдиқи изҳороти ҷониби Тоҷикистон дар бораи бунёди пойгоҳи вижаи Чин дар дараи Вахони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои Вазорат посух надод.
Қаблан маълум шуд, ки мақомоти Чин қасд доранд дар дараи Вахон як пойгоҳи вижа бунёд кунанд.
Патруль военных в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2021
Wall Street Journal: Амрико дар Тоҷикистон пойгоҳ сохтанист, аммо аз Русия ва Чин метарсад
Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи порлумон тарҳи таъсиси пойгоҳ дар ВМКБ дар наздикии марз бо Афғонистонро тасвиб кард. Зимнан зикр гардид, ки он бар асоси созишномаи Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сохта мешавад.
Назорати пойгоҳро Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ анҷом медиҳад.
Чин барои сохтмон ҳудуди 100 миллион сомонӣ (ҳудуди 9 миллион доллар) ихтисос медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала