Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Маълум гардид, ки чанд нафар дар ноҳияи Шуғнон ваксин гирифтааст

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкВакцинация в Гостином дворе
Вакцинация в Гостином дворе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2021
Обуна шудан
Ба раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода маълумот доданд, ки чанд нафар аз сокинони ин ноҳия алайҳи бемории коронавирус ваксин гирифтааст
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ, дар асоси нақшаи пешбинишуда, 14 918 нафар сокини ноҳия ба ваксини зидди коронавирус фаро гирифта шуд.
Дар ин бора ба раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода зимни як ҷаласаи корӣ маълумот доданд. Он ҷо зикр шуд, ки 14 115 нафар бо вояи дуюми коронавирус ҳам таъмин шудааст.
Ба Ҷумъазода маълумот додаанд, ки сокинони ноҳия бо масъулияти баланд барои ҳифзи ҷони худу наздиконаш ваксинаи зидди ин бемориро мегиранд.
Вакцинация мигрантов от COVID-19 на территории ТЦ Садовод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Чанд нафар аз аҳолии Тоҷикистон алайҳи COVID-19 ваксина гирифтанд?
Дар ҳамин ҳол чанде пеш Вазорати тандурустӣ вазъи ваксиназанӣ алайҳи коронавирусро шарҳ дода буд.
Ба иттилои ин ниҳод, то 20 октябр дар Тоҷикистон 45,2 дарсади аҳолии калонсоли кишвар зидди коронавирус ваксина гирифтаанд.
Ҳамин тариқ то 20 октябри соли равон 2 632 058 нафар алайҳи COVID-19 ваксина гирифтааст, ки ин 45,2% аҳолии калонсолро ташкил медиҳад. 2 106 807 нафар вояи дувуми ваксинаро гирифтаанд.
Дар Душанбе бошад, 100 дарсади сокинони аз 18-сола боло ваксина гирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0