Шикояти сокини Рӯдакӣ ба милиса: Ҳаммаҳалаш се мошину пули калони ӯро гирифту барнагардонд

© SputnikАвтомобиль милиции, архивное фото
Автомобиль милиции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2021
Дар ноҳияи Рӯдакӣ як марди 32-сола ҳаммаҳали худро фиреб дода, ҳам пул ва ҳам се мошинашро муфт аз худ намудааст
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дар ноҳияи Рӯдакӣ кормандони милиса ҳодисаи қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон ошкор намудаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст.
Ба гуфтаи муроҷиаткунанда, ӯро як сокини ҷамоати деҳоти Русияи ҳамин ноҳия фиреб додааст.
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Боздошти як мақомдор барои сӯистифода аз мансаб дар Тоҷикистон
Ин мард ба ҳаммаҳали 31-солаи худ барои рушди тиҷораташ 275 ҳазор сомонӣ қарз додааст. Илова бар ин ба ӯ се адад автомашинаи "Опел-Зефира", "Опел-Астра" ва "Опел-Вектра" додааст, ки ин се худравро 230 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда буданд.
Тибқи шикояти сокини Рӯдакӣ, бо гузашти 5 моҳ қарзгиранда на мошинҳояшро овардаву на маблағро.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, шикояткунанда ҳудуди 5050 ҳазор сомонӣ фиреб хӯрдааст ва ҳоло тафтишоти ин ҳодисаро кормандони милиса идома медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала