Лавров гуфт, НАТО намехоҳад бо Русия ҳамкорӣ дошта бошад

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксИтоговая пресс-конференция С. Лаврова в Нью-Йорке
Итоговая пресс-конференция С. Лаврова в Нью-Йорке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2021
ВУХ Русия қайд кард, агар НАТО барои муроҷиат ба Маскав далел дошта бошад, метавонад тавассути сафири Белгия анҷом диҳад
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Русия ҳеҷ иттилое надорад, ки НАТО бо Маскав робита барқарор карданист ва ҳамзамон паймон намехоҳад, ки ҳамкорӣ кунад.
Дар ин бора рӯзи якшанбе дар пайи нишасти кишварҳои G20 Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ба хабарнигорон иттилоъ дод.

"Мо ҳеҷ иттилое дар бораи чӣ кор кардани НАТО надорем. Мо ба далелҳо такя мекунем ва далелҳо ба ҳадде ҳаст, ки НАТО намехоҳад бо мо ҳеҷ гуна ҳамкорӣ дошта бошад", - изҳор дошт Сергей Лавров вазири умури хориҷии Русия.

Вазири хориҷаи Русия ҳамчунин таъкид кард, ки агар НАТО далеле барои муроҷиат ба Маскав дошта бошад, онҳо метавонанд ин корро тавассути сафири Белгия анҷом диҳанд.
"Мо ба Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ хабар додем, ки дар сурати рӯй додани чизе шумо метавонед тавассути ин дипломат муроҷиат кунед", - гуфт вазир.
НАТО осталась без России: Москва приостанавливает работу постпредства при альянсе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Русия
Русия НАТО -ро аз Маскав ронд: видео
Рӯзи 6-уми октябр НАТО эълон кард, ки мақомоти намояндагии Русия дар ин созмон аз 20 то 10 нафар коҳиш ёфт. Паймон ба дипломатҳои рус то охири моҳи октябр фурсат дод, ки Брюсселро тарк кунанд.
Дар ҳамин ҳол Лавров 18 октябр эълон кард, ки Федератсияи Русия кори намояндагии доимии худро дар НАТО аз аввали моҳи ноябр, пас аз тасмими Паймони Атлантикаи Шимолӣ дар бораи лағви аккредитатсияи кормандони намояндагии доимии Русия мутаваққиф кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала