Собиқ муовини волии Панҷшер: Аҳмад Масъуд дар Тоҷикистон аст

© Политический офис Ахмада МасудаАхмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Собиқ муовини волии вилояти Панҷшер Кабир Восиқ мегӯяд, раҳбари Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ феълан саъй дорад, ки дар муқобила бо ҷангиёни "Толибон"* аз кишварҳои мухталиф кумак дарёфт кунад
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Раҳбари Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон, Аҳмад Масъуд алъон дар қаламрави Тоҷикистон қарор дорад.
Дар ин бора рӯзи душанбе, муовини собиқи волии вилояти Панҷшер Кабир Восиқ ба хабаргузории ТАСС иттилоъ додааст.
"Аҳмад Масъуд ҳоло дар Тоҷикистон аст, аммо гоҳ-гоҳ ба Афғонистон сафар мекунад ва дар онҷо бо воҳидҳои муқовимат дар манотиқи мухталифи кишвар мулоқот мегузаронад", - афзудааст ӯ.
Ба гуфтаи вай, Масъуд дар ҳоли ҳозир саъй дорад, ки дар муқовимат бо ҷангиёни "Толибон"* аз кишварҳои мухталиф кумак дарёфт кунад.
"Масъуд мехоҳад кишварҳои минтақа ва кулли ҷомеъаи байналмилалиро ба зарурати мубориза бо "Толибон"* мутақоид созад. Ӯ ба кишварҳои мухталиф сафар мекунад, то таваҷҷӯҳ ба Ҷабҳаи Муқовимати Миллиро ҷалб кунад", илова намуд собиқ волии Панҷшер.
Нерӯҳои махсуси Толибон, созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар, ки ба вилояти Тахор фиристода шудаанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Таъйиди вуҷуди як маркази таълимӣ дар Толиқони Афғонистон
Ёдовар мешавем, ки "Толибон"* пас аз эълони хуруҷи низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон амалиёти густурда барои назорат бар ин кишварро оғоз намуданд.
Рӯзи 15 август "Толибон"* бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва Ашраф Ғанӣ раисиҷумҳури ин кишвар тарки Афғонистон кард. Зимнан, дар Панҷшер нерӯҳои мухолиф зидди ҳукумати "Толибон"* як ҷабҳаи муқовимат бо роҳбарии Аҳмад Масъуд ташкил намуданд.
* гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала