Шикасти мунтахаби Тоҷикистон аз яккачини Эрон дар сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2022

© ФФТОлимпийская сборная Таджикистана (U-23)
Олимпийская сборная Таджикистана (U-23)  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Дастаи яккачини футболи Тоҷикистон аз мунтахаби Эрон шикаст хӯрд
ДУШАНБЕ, 1 ноя – Sputnik. Тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бозияҳояшро дар сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2022 поён расонида, дар гурӯҳи "В" ҷои дуюмро гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуотии ФФТ.
Мунтахаби футболи Тоҷикистон охирин дидорашро дар сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи "В" бо тими Эрон баргузор кард, ки бо бохти он поён ёфт.
Дидори дастаҳо шоми 31-уми октябр дар варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури беш аз 7 ҳазор тамошобин баргузор гашта, бо ҳисоби 2:3 поён ёфт.
Ду голи яккачини Тоҷикистонро Ислом Зоиров ва Эҳсони Панҷшанбе ба ҳадаф расонида, тими Эронро Ёсини Салмонӣ бо се голаш пирӯз кард
Пас аз ин пирӯзӣ яккачини Эрон мустақиман ба финали Ҷоми Осиё-2022 роҳ ёфт.
Украинский защитник Истиклола Алексей Ларин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Эҳтимол футболбози украинӣ ба тими миллии Тоҷикистон ворид шавад
Бо вуҷуди шикаст аз Эрон шогирдони Мубин Эргашев шонси роҳ ёфтан ба финали қаҳрамонии Осиёро ҳифз карданд.
Тибқи низомнома, аз рӯи натиҷагирии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ғолибони ёздаҳ гурӯҳ ва чаҳор дастаи беҳтарин, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дуюмро ишғол кардаанд, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ меёбанд.
Дар ҳоли ҳозир мунтахаби Тоҷикистон дар қатори чаҳор дастаи беҳтарин, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дувумро касб кардаанд, қарор дорад. Аммо оё тими мо соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2022 мешавад, ба натиҷаи бозии гурӯҳи I миёни дастаҳои Ветнам ва Мянмар, ки рӯзи 2 ноябр дар Бишкек баргузор мешавад, бастагӣ дорад.
Агар яке аз дастаҳо бо ҳисоби ғайр аз 4:3 (5:4, 6:5 ва ғайра) пирӯз шавад, мунтахаби Тоҷикистон роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ хоҳад гирифт.
Агар ин бозӣ бо ҳисоби 3:2 анҷом ёбад, он гоҳ кортҳои зард ба ҳисоб гирифта мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала