"Аз мо нест": Аҳмад Масъуд куҷост?

© AFP 2021 / WAKIL KOHSAR Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда
 Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2021
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳузури раҳбараш Аҳмад Масъуд дар Тоҷикистонро рад кард
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Қаблан расонаҳо аз қавли муовини собиқи волии Панҷшер хабар дода буданд, ки ӯ дар Тоҷикистон аст.
Манбаи Sputnik Тоҷикистон аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар зимни такзиби ин хабар гуфт, Аҳмад Масъуд дар хоки Афғонистон ва дар канори нерӯҳои муқовимат қарор дорад.

"Мо маҳалли ҳузури ӯро ба далоили амниятӣ наметавонем ошкор кунем. Дақиқ наметавонем бигӯем, ки ӯ дар Андаробҳо, Панҷшер, Бадахшон ё Тахор аст. Омири ҷавон пушти фаъолиятҳои худ аст ва Тоҷикистон нарафтааст", - гуфт манбаъ.

Қаблан Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимат низ ба Sputnik Афғонистон гуфта буд, ки Аҳмад Масъуд дар Афғонистон аст.
Гуфтугузорҳо дар бораи маҳалли будубоши раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон пас аз он доғ шуд, ки расонаҳо ба нақли қавл аз Кабир Восиқ, муовини собиқи волии Панҷшер гуфтанд, Аҳмад Масъуд дар Тоҷикистон аст.
"Ҳар аз гоҳе ба Афғонистон сафар мекунад, то бо фармондеҳони манотиқи мухталиф дидор кунад. Ӯ ҳамчунин ба кишварҳои мухталиф сафар ва онҳоро дар мавриди лузуми мубориза бо "Толибон"* мутақоид мекунад", - гуфтааст Восиқ.
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Собиқ муовини волии Панҷшер: Аҳмад Масъуд дар Тоҷикистон аст
Манбаи Sputnik Тоҷикистон аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ гуфт, Кабир Восиқ ном нафаре дар Ҷабҳаи муқовимат нест ва бо ин ном касе аз раҳбарон ошноӣ надорад.
"Ҳар касе ҳаст, нест, ӯ аз ҷараёни корҳо дар ҷабҳа ва фаъолияти раҳбаронаш хабар надорад. Ҳадди ақал мо ҳамчунин шахсро намешиносем, аммо аз ин шоеапароканиҳо чӣ ҳадаф дорад, таҳқиқ хоҳад шуд”, - гуфт ӯ.
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ як иттиҳоди зиддитолибонии Афғонистон аст, ки аз сӯйи Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, роҳбари муқовимати аввал (1996-2001) раҳбарӣ мешавад.
Нерӯҳои ҷабҳа дар ҳоли ҳозир дар кӯҳистоноти Панҷшер, Бағлон, Тахор, Бадахшон ва дигар вилоятҳо ҳузур доранд ва гоҳ-гоҳ ахборе аз задухӯрдҳои онҳо бо нерӯҳои "Толибон"* дарз мекунад.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон 16 август, як рӯз пас аз суқути Кобул ба дасти "Толибон"* аз бақоёи урдӯи миллӣ, фармондеҳони собиқи муҷоҳидин ва хезишҳои мардумии Афғонистон эъломи мавҷудият кард.
* гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикисн ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала