Ҷопон барои харидории ваксинаҳои кӯдакона ба Тоҷикистон пул медиҳад

© Sputnik / Амир ИсаевВацинация населения в Таджикистане китайской вакциной CoronaVac
Вацинация населения в Таджикистане китайской вакциной CoronaVac - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2021
Қарор аст, барои Тоҷикистон ваксинаҳое харидорӣ кунанд, ки кӯдаконро аз бемориҳои зиёд муҳофизат мекунанд
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Ҷопон дар чаҳорчӯби лоиҳаи наҷот ва рушди барвақти кӯдакон ба Тоҷикистон барои харидории ваксинаҳо тақрибан 3 миллион доллар ҷудо мекунад, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар.
Давоми се сол ба кишвар доруҳое барои ҳифзи кӯдакон аз сурхча, гепатити В, инчунин асбоби дахлдори эмкунӣ ворид карда мешавад.
Ампулы с вакциной Pfizer - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Тоҷикистон боз 800 ҳазор воя ваксина дарёфт мекунад
Интизор меравад, дар зимни ин тарҳ наздик ба як миллион кӯдак дар 67 навоҳӣ ва шаҳри Тоҷикистон кумаки мустақим дарёфт кунад.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон имзои ёддошти тафоҳумро дар ин бора идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди сеҷониба номид.
Ин тарҳ дар Тоҷикистон бо кумаки Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) амалӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала