Собчак аз русҳои ваксинбезор ба Тоҷикистони орӣ аз COVID гурехт?

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкТелеведущая Ксения Собчак
Телеведущая Ксения Собчак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2021
Обуна шудан
Ксения Собчак бо ду навъи ваксина - "Спутник V" ва "Ҷонсон ва Ҷонсон" масун шудааст, ки ба ӯ имкон медиҳад, озодона аз Русия ба дигар кишварҳо сафар кунад
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Рӯзноманигор ва гӯяндаи рус Ксения Собчак дар саҳифаи "Instagram"-и худ акси фурудгоҳи Маскавро нашр карда, навиштааст, ки аз дасти ҳамватанони эмнашудааш намехоҳад азоб кашад.
Ҳамаи ин дар пасманзари ҷорӣ шудани маҳдудият аст: дар Русия аз 28 октябр то 7 ноябр рӯзҳои ғайрикорӣ эълон шудааст, ки бо сабаби шадидтар шудани вазъи коронаӣ метавонад тамдид шавад.
Гӯяндаи телевизион аз он хашмгин аст, ки "ба сабаби бемасъулиятии шаҳрвандон ва Бероев" (актёри рус, мухолифи ашаддии эмгузаронӣ - шарҳи аз идора.), ки ба созмони додани масунияти оммавӣ монеъ мешаванд, маҷбур аст, ба карантин равад.
Рӯзноманигори рус менависад, ӯ намефаҳмад, ки чаро бо афзоиши теъдоди беморон ва фавтидаҳо тарабхонаҳо ва марказҳои фитнесс баста мешаванд, дар ҳоле ки метро, ки ҷои серодам асту хатари гирифторӣ дар он ҷо хеле зиёд аст, баста нашудааст.

"Аз ин рӯ ман ба ҷое меравам, ки карантин умуман нест", - афзуд Собчак.

Рӯзноманигор ин навиштаро бо як интрига анҷом дод ва аз корбарон даъват кард, ки мақсади парвози ӯро ҳадс зананд.
Дар шарҳҳо давлатҳои зерин пешниҳод шудаанд, аз ҷумла: Беларус, Афғонистон, Кореяи Шимолӣ ва Тоҷикистон. Қобили зикр аст, ки Собчак аллакай аз Осиёи Марказӣ боздид кардааст: соли 2019 ӯ ба Ӯзбекистон сафар карда буд.
Қаблан аҳли ҷомеа аз рафтори барандаи телевизион, ки рӯзи 10-уми октябр дар Сочи ба садамаи маргбор дучор шуда буд, хашмгин шуд. Ҳарчанд Собчак бо тафтишот фаъолона ҳамкорӣ мекард ва танҳо ба ҳайси шоҳид буд, мардум то ҳол аз ӯ изҳори норозигӣ мекунад, ки ҷои ҳодисаро тарк кардааст.
Лентаи хабарҳо
0