Арзиши рубл евро поин рафту доллар боло: охирин хабар аз бозори арзи Тоҷикистон

6244337 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2021
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард
ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Қурби рубли русӣ ва евро дар бозори арзи Тоҷикистон пас аз гарониҳои моҳи октябр дар ҳолати коҳишёбист, аммо арзиши доллар як каме боло рафтааст.
Тибқи иттилои БМТ, арзиши як рубли русӣ ҳоло 0.1563 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта, 3 ноябр дар кишвар бар ивази 1 рубл 0,1566 сомонӣ медоданд.
Асъори аврупоӣ бошад, дар оғози моҳи равон майли гаронӣ дошт. Дар бозори арзи кишвар як евро 13.0632 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле ки як рӯз пеш 13.0731 буд.
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Ду асъори аз ҳама фоидаовар номбар шуд: доллар миёни онҳо ҳаст?
Дар ҳамин ҳол қурби асъори амрикоӣ, тибқи иттилои БМТ, каме боло рафтааст. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.2760 сомонӣ аст. Ин нишондиҳанда як рӯз пеш ҳам 11.2670 буд.
Дар ҳамин ҳол қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷӣ бо пули нақд дар ташкилотҳои қарзӣ чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА — 11.2760 сомонӣ;
1 евро – 13.0632 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1563 сомонӣ.
Курс валют - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Иқтисоддон аз афзоиши рекордии се асъор гуфт, аммо доллар миёнашон нест
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала