Маълум шуд, тоҷикистониён дар Рӯзи Конститутсия чанд рӯз истироҳат мекунанд

© SputnikПразднование Навруза в Душанбе
Празднование Навруза в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2021
Дар авоили моҳи ноябр сокинони Тоҷикистонро пайиҳам се рӯзи истироҳатӣ мунтазир аст
ДУШАНБЕ, 4 ноя – Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ҷадвали кор барои нимаи аввали моҳи ноябрро эълон карданд.
Ҳамин тавр дар робита ба таҷлили Рӯзи Конститутсия ба сокинони Тоҷикистон як рӯзи истироҳатии иловагӣ дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 6 ноябр Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил мешавад.
Тибқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, агар рӯзи истироҳати расмӣ ба рӯзи истироҳат рост ояд, рӯзи кории дигар низ рӯзи ғайрикорӣ хоҳад буд.
Косим Рахбар. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2019
"Халқ сарчашмаи ҳокимият аст": Қосим Роҳбар аз интихоботу Конститутсия гуфт
Имсол дар тақвим рӯзи истироҳат ба рӯзи шанбе рост меояд.
Ҳамин тариқ барои таҷлили 27-умин солгарди қабули Қонуни Асосии Тоҷикистон сокинони ҷумҳурӣ се рӯз пайиҳам – рӯзҳои 6, 7 ва 8 ноябр истироҳат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки 6 ноябри соли 1994 дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ баргузор шуд, ки дар он Конститутсияи ҷумҳурӣ қабул гардид.
Санади мазкур дар шароити барои мамлакат душвор қабул карда шуд: дар ин давра дар Тоҷикистон чанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт. Ба ин далел омодагӣ ба раъйпурсӣ дар чанд марҳила сурат гирифт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала