Аҳмад Масъуд дар Машҳад бо Амир Исмоилхон мулоқот кард

© Политический офис Ахмада МасудаАхмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2021
Аҳмад Масъуд бо паёми раисҷумҳури Тоҷикистон барои дидор бо Амир Исмоилхон рафтааст
ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо Амир Исмоилхон, яке аз роҳбарони ҷиҳодӣ ва волии пешини Ҳирот дар Эрон дидору мулоқот кардааст.
Дар ин бора Sputnik Афғонистон дар такя ба манбааш дар Машҳад хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дидори Аҳмад Масъуд ва Амир Исмоилхон рӯзи чаҳоршанбеи 3 ноябр дар Машҳад багузор шудааст.
Ин манбаъ афзуд, ки Аҳмад Масъуд дар ин дидор паёми Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро барои таъсиси ҳукумати фарогир оварда буд.
Ахмад Масуд младший, сын Ахмада Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2021
Ҷабҳа: Аҳмад Масъуд дар Тоҷикистон нест, ӯ дар Афғонистон аст
Манбаи Sputnik Афғонистон таъкид мекунад, ки фармондеҳ Исмоилхон то ҳол ба ин паём посух надодааст.
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Афғонистон бошад, то ҳол дар ин бора чизе нагуфтааст.
Амир Исмоилхон, волии собиқи Ҳирот ва яке аз раҳбарони аршади ҷиҳодӣ, ки пас аз суқути Ҳирот чанд рӯз дар асорати "Толибон"* қарор дошт, дар мусоҳиба бо Sputnik гуфт, ӯ ҳоло дар Машҳади Эрон аст. Ӯ аз Аҳмад Масъуд ҳимоят карда, таъсиси ҳукумати фарогирро зарур хонда буд.
Ба гуфтаи оқои Исмоилхон, таъсиси ҳукумати фарогир дар шароити кунунӣ ба манфиати мардуми Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя аст.
Исмаила-Хана - полевого командира афганских моджахедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Исмоилхон: Аҳмад Масъуд танҳо нест!
Ин чеҳраи маъруфи ҷиҳодӣ қаблан дар изҳороти худ гуфта буд, ки муқовимати Панҷшер густариш меёбад.
Вай таъкид кард, ки Ғанӣ маъмури анҷоми кудето дар Афғонистон буд ва давлати қаблӣ ба ҳамин далел суқут кард.
Амир Исмоилхон афзуд, муқовимати Панҷшер бо раҳбарии Аҳмад Масъуд танҳо нест ва бо мурури замон дар дигар вилоятҳои Афғонистон низ густариш меёбаду рушд мекунад.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала