Рӯҳонӣ сабаби аслии муноқишаҳои байни муҳоҷирон ва русҳоро гуфт

© Sputnik / Табылды КадырбековДрака
Драка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2021
Обуна шудан
Павел Островский мегӯяд, ихтилофоти миёни русҳо ва муҳоҷирон решаҳои амиқ дорад
ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Даъватҳо барои андешидани чораҳои шадид алайҳи муҳоҷирон дар Русия на танҳо бефоида аст, балки боиси ташдиди вазъият мешавад. Дар ин бора коҳин Павел Островский дар саҳифааш дар "Instagram" навиштааст.
Вай қайд кард, ки аксари вақт суҳбатҳое мешунавад, ки бо шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия "коре бояд кард", яъне "манъ, маҳкам, муҷозот".
Аз ҷумла, ин гуна суҳбатҳо дар ҷомеа пас аз задухӯрдҳое бо ширкати муҳоҷирон авҷ мегирад.
Полиция проводит проверку миграционного законодательства в ТЦ Москва - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2021
Боздошти даҳҳо муҳоҷир дар Маскави Нав: сабаб
Ба гуфти Островский, ин мушкилот решаҳои амиқ дорад, зеро муноқишаҳо ҳанӯз дар империяи Русия низ буданд.
Коҳин қайд кард, аксари русҳо намефаҳманд, ки киро бояд муҳоҷир гӯянд - танҳо шаҳрвандони дигар давлатҳо ё онҳоеро низ, ки аз шаҳрҳои гуногуни Русия ба пойтахт омадаанд.
Вай сокинони Доғистонро мисол овард. Охир, онҳо шаҳрвандони Русия буда, тамоми ҳуқуқу озодиҳоро доранд.

"Яке аз проблемаҳои асосӣ, ки аксарият аз он чашм мепӯшанд, ин табақабандӣ дар ҷамъият мебошад, чӣ дар соҳаи маънавӣ ва чӣ дар соҳаи моддӣ. Агар табақабандӣ бартараф карда нашавад, кишвар наметавонад ягонагии қобили қабулро ба даст ораду тартиботро дар кӯчаҳо таъмин кунад", - хулоса кард Островский.

Островский дар ин бора дар робита ба латукӯби як марди кӯдакдор дар Маскави Нав аз ҷониби чаҳор доғистонӣ изҳорот дод.
Лентаи хабарҳо
0