Дар Тоҷикистон вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд

© Sputnik Игорь ЛекаркинЗдание МИД РТ в Душанбе, архивное фото
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2021
Вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Австрия дар Душанбе вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар Душанбе ҳамтои австрягии худро ба ҳузур пазируфт.
Дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар Душанбе мулоқоти Муҳриддин бо Вазири федералии корҳои аврупоӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Австрия Михаэл Линҳарт баргузор гардид.
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2021
Аҳмад Масъуд дар Машҳад бо Амир Исмоилхон мулоқот кард
Гуфта мешавад, ҷонибҳо зимни суҳбат масъалаҳои умдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Австрияро баррасӣ намуда, роҷеъ ба мавзуъҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва байналмилалӣ табодули афкор карданд.
Ҳамзамон масъалаҳои амнияти минтақаӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон ва мубориза бар зидди таҳдидҳои муосир низ мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо қарор гирифт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала