Путин дар ИМА пирӯзи интихоботи соли 2024 мешавад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи аксВстреча президентов России и США В. Путина и Дж. Байдена в Женеве
Встреча президентов России и США В. Путина и Дж. Байдена в Женеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2021
Барои пирӯзии Путин дар ИМА кофист, ки Доналд Трамп боз президент интихоб шавад.
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Пётр Акопов. Ғолиби интихоботи президентии соли 2024 боз Владимир Путин хоҳад буд. На, дар Русия не, балки дар ИМА. Барои ин ҳатто тағйири қавонини ИМА зарур нест, кофист, ки Доналд Трамп боз президент интихоб шавад.
Ин шӯхӣ нест, балки пешбинист. Тақрибан тарғиботи дохилиамрикоӣ бо наздикшавии интихоботи президентӣ чунин хоҳад буд. Аммо то интихобот ҳанӯз вақт зиёд аст?
Ин вобаста ба он аст, ки аз кадом дидгоҳ назар карда мешавад. Чун Доналд Трамп расо панҷ сол қабл президент интихоб шуда буду ҳозир аллакай яксолагии шикасташ дар интихобот аз Ҷо Байден аст. Агар шикасти Трампро тамоми солҳои раёсаташ омода мекарданд, (алайҳи ӯ тамоми расонаҳои ИМА буданд) Байден сатҳи маҳбубияташро мустақилона поин бурд. Феълан сатҳи ҷонибдорӣ аз Байден то ба 38 дарсад поин рафтааст, ки ин ҳамагӣ ду банди фоизӣ аз маҳбубияти Трамп баъди як соли пирӯзияш боло мебошад.
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2021
Коршинос заминаи "даъво"-и Байден алайҳи Путинро гуфт
Аммо агар Трампро бо тамоми нерӯ бад нишон медоданду аз "озордиҳандаи занон" то "саги Путин" тамға мегузоштанд, Байденро бо тамоми ирода ҳимоят хоҳанд кард. Рейтинги ноибаш Камала Ҳаррис аз ин ҳам бадтар аст, дар ҳоле, ки маҳз аз ӯ чун номзади Ҳизби демократҳо дар интихоботи президентии оянда ном мебурданд.
Шикасти демократҳо дар интихоботи ахири волӣ дар аёлати Вирҷиния шаҳодати дурустии пешбиниҳост, ки як сол баъд назорат дар конгрессро аз даст медиҳанду дар соли 2024 Доналд Трамп ба Қасри Сафед бармегардад.
Пас чӣ бояд кард? Путинро бояд ба кор бурд, яъне маъракаи оммавии иттилоотӣ алайҳи Трамп чун нафари таҳти таъсири Русия роҳандозӣ шавад.
Аммо ин хандаовар аст, махсусан дар пасманзари тасдиқи он демократҳо "далелҳо"-и равобити Трамп бо Русияро сохтакорӣ кардаанд. Ҳабси ахири Игор Данченко дар ИМА, яке аз ҳаммуаллифони "парвандаи Трамп", ки аз ҷониби маъмури хадамоти истихборотии бритониёӣ, Кристофер Стил таҳия шудааст, нахустин паёмест дар бораи он ки чӣ метавонад дар қаъри "ботлоқи Вашингтон" пайдо карда шавад.
Президент США Дональд Трамп  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2021
Изҳороти ҷолиби Трамп дар бора хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон
Ҳама медонанд: ситоди Клинтон огоҳона далелҳо алайҳи Трампро сохтакорӣ мекарду барои пайгирии миллиардҳо ва ситодаш хадамоти махсус ҷалб карда шуда буданд. Яъне тавтеаи воқеӣ алайҳи Трамп буд, ки агар онро ба таври зарурӣ таҳқиқ кард, тамоми болонишинҳои Ҳизби демократӣ аз маъмурияти Обама ва Трамп зери зарба мемонанд. Агар Трамп дар соли 2024 пирӯзи интихобот гардад, тамоми корро анҷом медиҳад, мавҷудияти тавтеаро собит созад.
Аз ин ҷост, ки демократҳо интихоби дигаре надоранд. Ба ҳар қимате набояд ба маъмурияти ҷадиди Трамп роҳ диҳанд. Гарчанде пойфишорӣ ба "равобиташ бо русҳо" на танҳо хандаовар аст, балки муфид нест, чун посухи Трамп ба ин маъно хоҳад буд, ки демократҳо онҳоро бофтанду боз ҷавобгар мешаванд.
Онҳо довталаби қавии худро надоранд ва пайдо намешавад, то оммаро ба ваҷд ораду алайҳи Трамп хезад. Барои ин маъракаи пешазинтихоботии соли 2024-ро монанди соли 2020-ум роҳандозӣ хоҳанд кард, яъне Трампро ғӯл нишон медиҳанду интихоботро бо ӯ метарсонанд. Масъалаи Русия низ дар ин ҷо нагузир аст. Ин дафъа демократҳо на ба равобити Трамп бо Русия такя мекунанд, балки ба он фишорӣ хоҳанд намуд, ки пирӯзии ӯ ин амалан пирӯзии Путин мебошад ва ба он, ки Трамп низ чун Путин аст.
Визит советника президента США по нацбезопасности Дж. Болтона в Минск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2021
Болтон: Трамп ва Байден ҳар ду масъули хуруҷи шармандавори мо аз Афғонистон ҳастанд
Нишонаҳои ин маърака аллакай дар ҳоли зуҳуранд. Тайи рӯзҳои охир аллакай чанд мусоҳибаи мушовири пешини Трамп, Фиона Хилл нашр шуданд, ки аллакай китобаш зери унвони "Ин ҷо коре бароят нест" нашр шуд. Зодаи Англия, ки аз коршиносони пешсафи умури Русия шудааст, на танҳо дар бораи кораш дар Қасри Сафед (аз соли 2017 то 2019 мудир дар умури Русия ва Аврупо дар Шӯрои амнияти миллӣ буд) балки дар бораи оянда низ суҳбат мекунад. Ба гуфтаи ӯ шикасти демократҳо дар Вирҷиния паёми ташвишоварест, ки ИМА боз омода аст, Доналд Трампро пазирад, ки дар навбати худ ба марги демократияи амрикоӣ меорад.
Марги демократия дар пайи пирӯзии Трамп дар интихобот? Инро аллакай соли 2016 шунида будем, оё боз? Бале, ин дафъа пешбинӣ бо шоҳидии атрофиёни Трамп тасдиқ хоҳад шуд, чун Хилл ҳамаро диду таҳлил кард, ки Трамп чун Путин аст ва барои демократия хатар дорад.
"Ӯ воқеан ихлосманди Путин буд, ман инро бо чашмони худ дидам. Барои ӯ Путин хислатҳои роҳбариеро дошт, ки дар худ дидан мехост ва ин ҳеч рабте ба муносиботаш бо Русия надорад. Вай Путинро хеле қавӣ ва қудратманд мепазируфт ва Трамп зиёд ин калимаҳоро дар мавриди Путин истифода мекард. Қудраташ бо баъзе омилҳои боздорандаю мутавозин маҳдуд нест. Трамп дар симои ӯ хеле одами доро ва машҳур медид, ки кишварро чун тиҷорати шахсияш идора мекард", - навиштааст Хилл.
глава МИД РФ Сергей Лавров на Заседании Совета коллективной безопасности ОДКБ в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Лавров: ИМА аз нақшаи таъсиси пойгоҳи низомӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ даст накашидааст
Чизе ба ин монандро Хилл қаблан низ гуфта буд ва мушоҳоидакорияшро бархе атрофиёни дигари президенти пешин низ тасдиқ карда буданд. Махсусан лаҳзаи марбут ба мулоқоти ахири Трамп ва Путин дар Осака тобистони соли 2019-ум ҷолиб аст, ки дар бораи он собиқ котиби матбуотии Қасри Сафед, Стефани Гришем нақл кард:
"Баъди оғози мулоқот мушовири Трамп, Фиона Хилл маро пурсид, ки оё тарҷумони Путинро дид. Ин зебосанам бо мӯйҳои дароз, хушрӯй ва қомати зебое буд. Ӯ гуфт, ки гумон дорад, Путин махсус чунин зани зеборо интихоб кард, то таваҷҷуҳи президентро дигар ҷо барад".
Яъне аз назари нуктабини духтари нақбкан, собиқ корманди Шӯрои миллии истихборотӣ, муаллифи тарҷумаи ҳоли "Мистер Путин: Агенти махсуси Кремл" чизе пинҳон намемонад. Чун хеле нозук монандиҳои ду президентро таъкид мекунад.
"Путин - шоумен, ҳунарпеша... Трамп ҳам ба ин машғул аст, ӯ ҳамеша дар саҳна аст, тӯдаи ҷонибдорони худашро машғул медорад. Ӯ сиёсатро ба намоишномаи сиёсӣ табдил медиҳад... Трамп бо ёди гузаштаҳо бозӣ мекунад. Ӯ бозгардонии бузургии Амрикоро ваъда медиҳад, ҳамзамон Путин қаламравҳоро ғасб мекунад. Бисёре аз он, ки Трамп мекунад ба корҳои Путин монанд аст".
Встреча президента России Владимира Путина и президента США Джо Байдена - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
Сиёсатшинос тавзеҳ дод, ки чаро Путин ва Байден аз Тоҷикистон хоҳанд гуфт
Бале, бале - Путин шоумен аст, инро ҳамаи амрикоиҳо медонанд, чун беҳуда нест, ки ӯ нимбараҳна дар тамоми Русия сайр мекунад... Трамп низ дар тақлид ба ӯ мехоҳад, бузургии кишварашро эҳё кунад, аммо ин чӣ бадӣ дорад, метавонад интихобкунандаи амрикоӣ суол гузорад.
Хилл ҳамаро шарҳ медиҳад: "Фарқ дар он аст, ки Трамп бо давлат мубориаз мебараду Путин не. Аммо ҳарду ҳам демократияи плебисситӣ месозанд... Трамп аз Путин бо он фарқ дорад, ки намехоҳад тариқи воситаҳои давлатӣ идора кунад. Мехоҳад онҳоро тахриб созад".
Хеле зебо. Трамп мехоҳад василаҳои давлатиро тахриб кунад, бо давлат меҷангад. Бад, одами хатарнок аст. Аммо мушкил дар он аст, ки дар Амрико бисёре аз он, ки Фиона Хилл давлат меномад, норозиянд, ин норозигӣ ҳамеша буд ва тайи солҳои охир тақвият ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала