Ёдоварии Раҳмон аз қурбонӣ шудани садҳо корманди милиса: Ӯ аз гузаштаю оянда гуфт

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2021
Президент зимни муборакбодии кормандони милитсияи тоҷик изҳор кард, давоми сӣ сол садҳо нафар аз кормандони ин ниҳод қурбон шуд
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон кулли кормандони милитсияи тоҷикро бо рӯзи касбии онҳо муборакбодӣ кард.
Дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон матни табрикотии Эмомалӣ Раҳмонро нашр намудааст, ки дар он роҳбари давлат аз хидмати пуршарафу содиқона ва эътимоди мардум ба кормандони милиса гуфтааст.

"Натиҷаи хидмати содиқонаи кормандони милитсия аст, ки имрӯз шаҳрвандон дар симои онҳо ҳимоятгарони амнияти давлату миллати худ, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодӣ, моликият ва суботу оромии ҷомеаро мебинанд ва бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд", - изҳор кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Роҳбари давлат дар идома зикр намуд, ки давоми сӣ сол ба хотири ҳимояи дастовардҳои замони истиқлол ва таъмини амнияту бехатарии мардум, садҳо нафар корманди милитсия қурбон шуд. Ӯ зикр намуд, ки мардум ва ҳукумат хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медоранд.
Мэр Исфары подарил пограничной милиции автомобиль - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2021
Баҳодурзода ба кормандони милитсияи наздимарзӣ дар Исфара мошин тақдим кард
Зимнан Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар оянда низ ба савгандаи додаи худ содиқ монда, вазифаи пуршарафашонро иҷро мекунанд.
Дар фарҷом роҳбари давлат ба ҳамаи кормандони милитсияи тоҷик саломатӣ ва дар иҷрои рисолаташон муваффақияту комёбӣ таманно кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала